Қазияи Толибҷон Дӯстов: таъини ҷазои ғайриҳабсӣ боиси дубора фирор кардани гунаҳкор гардид

Санаи 18-уми июни соли 2025 баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо гунаҳкории собиқ корманди ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Идиев М. дар Суди вилояти Хатлон ба анҷом расида буд. Суд Идиев М.-ро бо моддаи 316, қисми 3 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки боиси оқибати вазнин гардидааст) гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1400 (як ҳазору чорсад) нишондиҳанда, баробар ба 105 000 (яксаду панҷ ҳазор) сомонӣ ҷарима таъин намуда буд.

Нисбати ҳукми суд адвокати ҷабрдида шикояти кассатсионӣ ва айбдоркунандаи давлатӣ бошад, эътирози кассатсионӣ овард. Дар натиҷа аз ҷониби марҳилаи кассатсионӣ ҳукми суди марҳилаи якум аз 18-уми июни соли 2025 бекор карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ барои баррасии нав ба ҳамин суд ирсол гардид.

Дар баррасии нави парвандаи мазкур Идиев Маҳмадулло бо ҳар баҳона ҳозир намешуд. Аз ин лиҳоз, санаи 19-уми декабри соли 2025 суд таъиноти маҷлиси судӣ қабул намуда, нисбати  Идиев Маҳмадулло дубора кофтукови расмӣ эълон кард.

Ёдовар мешавем, ки Толибҷон Дӯстов 25-уми июли соли 2017, баъд аз он фавтид, ки кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ дар ҷараёни гузаронидани чорабинии оперативӣ дар намуди «харидории санҷишӣ» ӯро дастгир намуданд. Ба гуфтаи шоҳидон ва боздоштшудаи дигар, ӯро дар назди як нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дастгир карда, латукӯбкунон ба як автомашинаи оинаҳояш сиёҳкардашуда маҷбуран савор намуда бурдаанд. Пас аз ин ӯро бе нишонаҳои ҳаёт ба беморхона овардаанд. Дар бадани марҳум осори зиёди шиканҷа, аз ҷумла гематомаҳои бузург ва осеби гӯш мушоҳида шудааст. Бо вуҷуди муроҷиатҳои пайвастаи хешовандон ва вакилони дифоъ, ташхиси тиббӣ бидуни огоҳ кардани оилаи марҳум гузаронида шуда, натиҷаҳои он ба муддатҳои дурудароз эълон нашуда буданд.

Гарчанде ҳангоми дастгиркунӣ ва гузаронидани чорабинии оперативӣ ҳадди ақал се корманди дигари ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ иштирок доштанд, Идиев М. ягона корманди милитсия мебошад, ки расман нисбати ӯ айб эълон шудааст. Ҳарчанд се корманди дигари милитсия аз ҷониби шоҳидон шинохта шуда бошанд ҳам, аммо прокуратура дар оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо қарори рад бароварда буд. Ҳол он ки, хешовандони Дӯстов Т. ва ҳомиёни ҳуқуқ дар давоми ҳашт сол пайваста ба мақомоти ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ шикояту дархостҳо ирсол намуда буданд, то ҳамаи гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бо вуҷуди он ки аз байни гунаҳкорон танҳо нисбати Идиев М. расман айб эълон гардида буд, моҳи августи соли 2017 баъди дар мурофиаи судӣ ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ талаб намудани айбдоркунандаи давлатӣ судя танаффус эълон кард ва бо ҳамин Идиев М. фирор намуда, тӯли 8 сол дар кофтукови байналмилалӣ қарор дошт.

Бо гузашти ҳашт сол аз марги фоҷиавии сокини вилояти Хатлон Толибҷон Дӯстов, моҳи апрели соли 2025 Маҳмадулло Идиев, собиқ лейтенанти калони милитсия ҳангоми баргаштан аз Россия ба Тоҷикистон дар фурудгоҳ, ҳангоми убури сарҳади давлатӣ боздошт гардида, то ба анҷом расидани мурофиаҳои судӣ бо парвандаи мазкур, дар тавқифгоҳи тафтишотии шаҳри Бохтар нигаҳдорӣ мешуд.

Аъзои оила, хешу ақрабо ва вакили дифоъ ҳукми аз тарафи суд содиргардидаро ноадолатона ҳисобида, барои боздиди он ба суди марҳилаи болоӣ шикояти кассатсионӣ навишта буданд. Чун қисми 3-и моддаи 316-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз нуҳ саду дувоздаҳ то як ҳазору ҳашт саду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол пешбинӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 2017 ин парвандаро ҳамроҳӣ мекард, изҳор дошт, ки дастгирии ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои хонаводаи Дӯстов Т.-ро дар марҳилаи мазкур низ идома хоҳад дод.