Фаъолони шаҳрвандӣ аз Президенти Тоҷикистон даъват карданд, то аз имзои тағйирот ба КҲМ худдорӣ намояд

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ВАО аз Президенти Тоҷикистон даъват карданд, то аз имзои тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КҲМ), ки таҳдиди супоридани ҷарима барои паҳнсозии иттилооти бардурғғ оид ба пандемияро дар пай дорад, худдорӣ намояд.

10-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тағйирот даровардан ба КҲМ ҶТ ва Кодекси ҷиноятии (КҶ) ҶТ овоз доданд, ки ба ҷавобгарӣ барои риоя накардани қоидаву меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ ва санитарӣ-эпидемиологӣ дар ҳудуди кишвар дар замони эпидемия тааллуқ дорад.

Моддаи 374, эзоҳи 1-и КҲМ барои дидаву дониста паҳн намудани иттилооти бардурғғ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, интернет дар шароити пайдоиш ва паҳн гардидани бемориҳои барои инсон хатарнок ҷавобгарӣ дар шакли ҷаримаҳои зиёд ва ҳабси маъмурӣ пешбинӣ мекунад.

Дар муроҷиатномаи худ фаъолони шаҳрвандӣ аз тағйироти қабулкардаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (палатаи поёнии парлумони ҶТ) ҷиддан изҳори нигаронӣ намудаанд.

“Қабул ва ба ҳукми қонун даромадани ин тағйиротҳо метавонад вазъи бе ин ҳам мушкили озодии суханро дар кишвар бад созад, сонсур ва худсонсуриро миёни идораҳои ВАО, рғзноманигорону ҳимоятгарони ҳуқуқ афзоиш диҳад, инчунин дастрасии аҳолиро ба иттилоот оид ба паҳншавии бемориҳои хатарнок маҳдуд намояд, дар ҳоле ки шаҳрвандон ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот дар бораи сатҳи беморшавии аҳолӣ ва омилҳои ба саломатии онҳо таъсиррасонро доранд”,- зикр мекунанд муаллифони муроҷиатнома.

Фаъолони шаҳрвандӣ чунин мешуморанд, ки тағйиротҳо метавонанд чун баҳона барои таъқиб ва ба ҷавогарӣ ҷалб кардани на танҳо ВАО ва рғзноманигорон, балки фаъолони шаҳрвандӣ низ барои паҳн намудани иттилооте, ки шояд ҳамчун иттилооти дидаву дониста бардурғғ тафсир шаванд, хизмат намоянд.

Зери муроҷиатнома 31 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолон ва рғзноманигорони мустақил имзо гузоштаанд.

NoTorture.Tj