Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Кадом хароҷоти офиятбахшии тиббӣ ва равонӣ метавонанд ҷуброн карда шаванд?
ПОСУХ: Мувофиқи моддаи 1189-и боби 66-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи хароҷоти ҳуҷҷатӣ тасдиқгардида, ки зарурати онҳо аз оқибатҳои шиканҷа бармеояд, бояд ҷуброн карда шаванд.
Ба онҳо табобати статсионарӣ ва амбулаторӣ, амалиётҳои ҷарроҳӣ ва барқарорсозӣ, харидории доруворӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ, табобати рӯҳиву равонӣ (аз ҷумла ИСПО ва депрессия), табобати санаторию курортӣ аз рӯйи нишондодҳои тиббӣ, инчунин хизматрасонии ҳамширагӣ ё нигоҳубини доимӣ дар сурати гум кардани қобилияти меҳнат дахл доранд.
Агар суд дар асоси хулосаи тиббӣ зарурати табобати дарозмуддатро муқаррар созад, давлат уҳдадор аст, ки ҳам хароҷоти мавҷуда ва ҳам ояндаро ҷуброн намояд.
Сабти ҳамаи хароҷот аз рӯзи аввал муҳим аст: нигоҳ доштани чекҳо, шартномаҳо бо клиникаҳо, таъиноти духтур ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ҳамчун далел хизмат мекунанд.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj