Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод

14 апрел дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи 84-уми Кумита бар зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар он маърузаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои муқаррароти Конвенсия бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пасткунандаи шаъну шараф баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлия Музаффар Ашуриён ва намояндагони  сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Зимни баррасии гузориш аъзои Кумита бар зидди шиканҷа корҳои анҷомдодаи Тоҷикистонро дар самти татбиқи Конвенсия, инчунин пешрафт, навоварию ислоҳоте, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба шиканҷа ба даст оварда шудаанд, мусбат арзёбӣ намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа Кумита бар зидди шиканҷа ба ҷавобҳои пешниҳоднамудаи ҳайати Тоҷикистон, аз ҷумла ба ислоҳоти институтсионалӣ, такмили қонунгузорӣ, амалияи татбиқи ҳуқуқ ва пешниҳоди омори дақиқу муфассал баҳои баланд дод.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

khovar.tj