Пахши мустақим дар радиои "Азия-Плюс" ва онлайн-машваратҳо: Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон барномаи ҳуқуқӣ баргузор кард

Рӯзи 9-уми декабр, дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон барномаи махсуси радиоӣ мустақиман дар барномаи "Имкон"-и радиои "Азия-Плюс" пахш шуд. Меҳмонони студия ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо аз Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - намояндагони ТҶ "Дунёи ҳуқуқ" ва ТҶ "Ҳуқуқи дастрас" буданд.

Дар ҷараёни барнома коршиносон масъалаҳои калидии марбут ба пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзили муносиб ва ғайраро баррасӣ намуданд. Мутахассисон равиши миллиро баҳри таърифи шиканҷа муаррифӣ карданд, оид ба механизмҳои муроҷиат барои ҳимоя сухан гуфтанд ва тартиби гузаронидани муоинаи тиббиро муфассал шарҳ доданд.

Ба ҳуқуқҳои шахсоне, ки дар ҳолати осебпазир ва дастрасӣ надоштан ба ёрии ҳуқуқии ройгон қарор доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Коршиносон инчунин дар бораи фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа, аз ҷумла телефони боварӣ, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд машварат гиранд ва дар бораи қонуншиканиҳои эҳтимолӣ хабар диҳанд, маълумот пешниҳод карданд.

Ҳангоми пахши мустақим шунавандагон дар бораи самтҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи инсон - аз хушунати хонаводагӣ ва гирифтани ҷуброн барои вайрон кардани манзил то тартиби бақайдгирии амвол дар биноҳои нав ва дигар масъалаҳои ҳуқуқие, ки шаҳрвандон дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, савол доданд.

Ҳадафи барнома - мусоидат ба маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона буд.

Гузаронидани барнома дар доираи лоиҳаи "Роҳ ба сӯйи адолат: тақвияти ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсираӣ", ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад, имконпазир гардид.

 

NotortureTj