Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон доираи васеи ҳуқуқ ва озодиҳои асосиеро, ки ҳамаи мо доро ҳастем, дар бар мегирад. Он ҳуқуқҳои ҳар як шахсро дар саросари ҷаҳон, бидуни ягон тафовут, ба монанди миллат, ҷойи истиқомат, ҷинс, баромади этникӣ, забон, дин ё дигар ҳолат кафолат медиҳад.
Гарчанде Эъломия барои риоя ҳуҷҷати ҳатмӣ нест, он ба қабули зиёда аз 60 санад дар самти ҳуқуқи инсон, ки стандарти ягонаи байналмилалии ҳуқуқи инсонро ташкил додаанд, мусоидат намудааст. Имрӯз эътирофи умумии ҳуқуқҳои асосии инсон, ки дар Эъломия зикр шудаанд, аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви СММ таъсири онро афзоиш медиҳад ва аҳамияти ҳуқуқи инсонро дар ҳаёти мо таъкид мекунад.
Комиссари Олии ҳуқуқи инсон ва Дафтари он ҳамчун мақоми ваколатдори СММ дар самти ҳуқуқи инсон дар ҳамоҳангсозии талошҳо барои таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҳуқуқи инсон нақши муҳим мебозанд.