Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Милитсияи Душанбе аз фаъол шудани як маркази тамоси шабонарӯзӣ барои қабули дархостҳои шаҳрвандон хабар дод.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД-и пойтахт, сокинони шаҳр метавонанд дилхоҳ вақт ба рақамҳои 102 ё 02 занг зада, дар бораи ҳодиса хабар диҳанд, шикоят ва муроҷиатнома пешниҳод намоянд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки хадамоти нав бо супориши раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо ҳадафи вокуниши саривақтӣ ба дархостҳо, инчунин сафарбар намудани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба ҷои ҳодиса таъсис дода шудааст.
Ҳимоятгарони ҳуқуқ чунин мешуморанд, ки роҳандозии маркази тамос метавонад дар пешгирии ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши муҳим бозад. Қаблан созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони маҳаллӣ борҳо ба мушкилоти дастрасии шаҳрвандон ба механизмҳои шикоят ва мавҷуд набудани вокуниши фаврӣ ба гузоришҳо дар бораи қонуншиканиҳо ишора карда буданд.
Акнун, дар сурати самаранок кор кардани хадамот ва вокуниши зарурӣ ба зангҳо, ҷабрдидагон як воситаи иловагӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ хоҳанд дошт.