Дар Тоҷикистон ба тарҳи такмилёфтаи Кодекси ҷиноятӣ моддаи алоҳидаи “Зӯроварӣ дар оила” ворид гардидааст

Дар Тоҷикистон соли гузашта ба тарҳи такмилёфтаи Кодекси ҷиноятӣ моддаи алоҳидаи 153 - “Зӯроварӣ дар оила” ворид гардида буд, ки ба ҷазои ҷиноятӣ барои зӯроварии хонаводагӣ равона гардидааст. Ин иқдом натиҷаи кори муштараки ҳукумат, СММ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, ҳарчанд лоиҳа то ҳол мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад.

Дар лоиҳаи нави қонун намудҳои гуногуни ҷазо барои зӯроварии мунтазами хонаводагӣ - аз ҷарима ва корҳои ислоҳӣ то маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то даҳ сол дар сурати оқибатҳои вазнин пешбинӣ шудааст.

Зимнан, дар шаш моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 2000 ҳолати зӯроварӣ сабт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 277 маврид бештар аст. Аз ин шумора 1763 шикоят дар мавриди зӯроварӣ аз ҷониби мардон нисбати занон, аз ҷумла ҳолати зӯроварии ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ, инчунин 251 шикоят дар мавриди зӯроварӣ нисбати мардон аз ҷониби хешовандони занҳо ворид шудааст. Боиси таассуф аст, ки 102 зан ва 30 духтари ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд. Барои кумак ба осебдидагон телефони боварии 1313-и Кумитаи кор бо занон аз моҳи июл ба ин сӯ фаъолият мекунад, ки аллакай даҳҳо занг қабул кардааст.

Сарфи назар аз тағйироти мусбат дар қонунгузорӣ, моддаи «Зӯроварӣ дар оила» то ҳол ба меъёрҳои байналмилалӣ пурра мутобиқат намекунад ва такмили минбаъдаро тақозо дорад. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар таҳияи лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ иштирок доштанд, таъкид мекунанд, ки қонун бояд тамоми шаклҳои зӯровариро фаро гирифта, ҳимояи муассири қурбониёнро таъмин намояд.