Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзҳои 25-26-уми августи соли 2025 дар мавзеи фароғатии “Пули Сангин”-и шаҳри Норак ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравии назди Вазорати адлияи ҶТ оид ба масъалаҳои ислоҳоти системаи адолати судӣ нисбати кӯдакон баргузор гардид.
Ин ҷаласа дуюмин чорабинӣ дар соли ҷорӣ буд, ки дар он лоиҳаи Барномаи аз системаи расмии адолати судии ҷиноятӣ дур кардани кӯдакон барои солҳои 2026-2030 баррасӣ карда шуд.
Лоиҳаи барнома ҷиҳати татбиқи банди 15-и Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2025 дар доираи Барномаи ислоҳоти системаи адолати судӣ нисбати ноболиғон барои солҳои 2023-2027 бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи адолати судӣ барои кӯдакон таҳия шудааст. Пас аз баррасӣ ва коркард он бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Чорабинӣ бо ташаббуси Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.