Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дӯстони азиз,
26-уми июн мо шуморо даъват менамоем, ки ба аксияи байналмилалии ҳамраъйӣ - "Шамъи рақамӣ" ҳамроҳ шавед. Дар ин рӯз мо Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷаро қайд хоҳем кард ва ҳар як амали шумо муҳим аст.
Мо аз шумо даъват мекунем, ки тасвири профили худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тағйир диҳед: онро сиёҳ кунед ё тасвири шамъро илова намоед. Ин ишораи оддӣ, вале пурқувват рамзи дастгирии қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо мегардад. Он суханро талаб намекунад, балки ҳамдардии самимиро нисбати онҳое, ки ба даҳшати бераҳмӣ ва зӯроварӣ дучор шудаанд, ифода мекунад.
Шиканҷа - ин ҷиноят нисбати инсоният аст, ки ба бисёр одамон дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонад. Ҳар яки мо метавонем бо дастгирӣ ва ҳамраъйӣ нишон додан ба онҳое, ки ин таҷрибаро аз сар гузаронидаанд, дар бунёди ҷомеаи боадолат саҳм гузорем.
Дар ин рӯз ба мо ҳамроҳ шавед, то нишон диҳед, ки шумо нисбати сарнавишти қурбониёни шиканҷа бетафовут нестед. Ин маълумотро мубодила карда, дӯстони худро даъват намоед ва мо метавонем мавҷи дастгириву дарксозиро эҷод кунем!
#SupportVictimsOfTorture #26June #HumanRights #TortureIsACrime