Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳар сол дар мавсими даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сарусадоҳо дар мавриди “облава” ё ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба сафи артиш зиёд мегардад. Ин дар ҳолест, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шахсан ин амалро мавриди интиқод қарор дода, ба масъулон дастур дода буданд, ки набояд ба чунин шева ҷавононро ба Артиш ҷалб намуд. Аммо дида мешавад, ки ин ҳолат на танҳо аз байн нарафтааст, балки дар вилояти Суғд бо шеваҳои дағалтар идома дорад.
Яке аз чунин нафароне, ки ҳамин гуна дағалона боздошт шудаву теъдоди аскарони бемор дар Артиши Тоҷикистонро як нафар зиёд кард, Муродалӣ Авезов, сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ мебошад.
Муродалӣ рӯзи 10 апрел дар яке аз беморхонаҳои вилояти Суғд, дар ҳоле ки бояд аз ташхиси табибон мегузашт, аз тарафи кормандони комиссиариати ҳарбии вилоятӣ ба тариқи “облава” дастгир гардида, танҳо баъди 22 рӯзи боздошт шуданаш ба қисми ҳарбӣ равона карда шуд.
Воҳида Худойбердиева, модари ин ҷавон, мегӯяд, фарзандаш ба дарди гурда гирифтор буд ва ба ҳамин хотир ба беморхона рафт, то аз ташхис гузарад. То замони гузаштани ташхис ӯро дар беморхона бистарӣ карданд:
“Замоне ки фарзандамро дастгир карданд, ӯ дар беморхона бистарӣ буд. Дидаву дониста, ки бемор асту қуввати ҳаракат ё фирор кардан надорад, барои бурданаш омада буданд. Ҳатто баъди он ҳам, ки дастгир карданд, ба зудӣ ба қисми ҳарбӣ нафиристоданд, ӯро 22 рӯз дар комиссиариати ҳарбӣ нигоҳ доштанд. Давоми ин муддат, ки рӯйи замини қоқ нигоҳдорӣ мешуд, чанд маротиба дардаш хуруҷ кард, аммо касе кумакаш нарасонид”,-гуфт модари Муродалӣ.
Ба ғайр аз ин, ба гуфтаи модари наваскар, як дасти Муродалӣ шикаста буда, аз дигараш фарқ дорад:
“Чанд сол пеш дар болои дарахт ба замин афтида, дасташ шикаста буд. Аз сабаби беаҳамиятӣ ҳамон дасташ қаҷ шуда, қувват надорад. Дасти шикаста аз дигараш хеле фарқ дорад ва бо он ҳол ба хизмат бурдан мумкин нест”.
Аҷиб ин ки дар аввал духтурон ташхис гузаронидаву хулоса додаанд, ки дар ҳақиқат, Муродалӣ бемор аст. Вале баъдан аз комиссиариати ҳарбии ноҳияи Айнӣ ва ҷамоати деҳот намояндаҳо рафта талаб кардаанд, ки “бемор ҳам бошад, ба хизмат равон кунед”.
Баъди ин, духтурон дар ташхиси дуюм хулоса додаанд, ки Муродалӣ бемор нест.
Ҳамин тавр, рӯзи 2 май ӯро аз комиссиариати ҳарбӣ ба қисми низомӣ бурдаанд.
Дар ин миён суолҳои зиёде ҳастанд, ки ба инсофу шарафи табибон иртибот доранд. Аввал ин ки агар Муродалӣ бемор набуд, чаро барояш маълумотнома оид ба бемор будан доданд? Дуввум, чаро барои дар беморхона бистарӣ кардани ӯ хулоса доданд?
“Духтурон маълумотнома доданд, ки дар ҳақиқат, писарам гурдадард аст. Баъди ҳамин бо мушкили зиёд маблағ пайдо карда, барои сиҳат карданаш ӯро дар беморхона бистарӣ кардам. Аммо дар рӯзҳое, ки дар комиссиариати ҳарбӣ нигоҳ дошта мешуд, аз сардӣ ва сахтии замине, ки он ҷо хоб мерафт, дардаш дубора авҷ гирифт”.
Маълум гардид, ки Муродалӣ Авезов ҳанӯз 27 марти имсол ба комиссиариати ҳарбии ноҳияи Айнӣ даъват шудааст. Табибони ташхисгар он замон ягон ҳуҷҷат ва бемориашро ба инобат нагирифтаанд. Ҳамчунин, қабл аз ин ҳуҷҷатҳояшро барои омӯзиш ба комиссари ҳарбии ноҳия пешниҳод кардааст, то дар ҳоли беморӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанашро пешгирӣ кунад. Аммо рӯзи гузаштан аз комиссияи ташхисӣ ҳуҷҷатҳояш “гум” шудаанд. Оид ба ин ҳолат Авезов ба прокуратураи ноҳия шикоят бурдааст, аммо то замони дар комиссиариати ҳарбӣ нигоҳ дошта шуданаш посух нагирифтааст.
Дар ин миён волидони ҷавон ба ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаву хостори кумак шудаанд. Дар ягон сохтор шикоятҳоро ба назар нагирифтаанд:
“Вақте мо ба ташкилоти ҳуқуқӣ оид ба даъватшавандагон муроҷиат кардем, аз он ҷо чандин маротиба нисбат ба ҳуқуқвайронкуниҳои кормандони комиссиариати ҳарбӣ шикоят карданд. Натиҷае нест, касе ба додамон нарасид”,-мегӯяд Худойбердиева.
Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки ин қазияро пайгирӣ дорад, мегӯяд, дар ҳолате ки Муродалӣ Авезов дошт, набояд ӯро дастгир кардаву ба хизмати ҳарбӣ мебурданд:
“Дар асоси муҳтавои муроҷиати даъватшаванда Авезов М.Н., соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи деҳаи Хушекат ҷамоати Айнии ноҳияи Айнӣ, санаи 27.03.2018 ӯро ба комиссияи тиббии даъватии ноҳияи Айнӣ даъват карда, аз муоинаи тиббӣ гузарониданд. Зимни гузаронидани муоинаи тиббӣ, ки бо иштироки 4 табиб гузаштааст, Авезов М.Н. ҳамаи ҳуҷҷатҳои бемориашро пешниҳод кардааст, аммо ваҷҳҳо ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи ӯ оид ба бемориаш умуман ба инобат гирифта нашудааст”,-шарҳ дод Самадова.
Дар идома, ба гуфтаи ӯ, бинобар бад шудани вазъи саломатиаш Авезов дар бахши “Урология”-и Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бистарӣ кунонида мешавад. Санаи 10.04.2018 ҳангоми аз беморхона баромаданаш аз тарафи шахсони номаълум ба мошин савор карда шуда, ба комиссияи даъватии шаҳри Хуҷанд бурда мешавад. Тибқи тартибот оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ин комилан ғайриқонунӣ мебошад:
“Тибқи талаботи моддаи 12 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, бояд шаҳврванд ҳангоми даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ аз муоинаи тиббии духтурон - мутахассисони терапевт (духтури бемориҳои дарунӣ), ҷарроҳ, нервпатолог (духтури бемориҳои асаб), психиатр (духтури бемориҳои руҳӣ), окулист (духтури бемориҳои чашм), оториноларинголог (духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ), стоматолог (духтури даҳон) духтурони соҳаҳои дигар бояд гузарад. Пеш аз оғози ташхиси тиббӣ духтурон-мутахассисон бояд бодиққат ҳуҷҷатҳои тиббиеро, ки аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ гирифта шудаанд ва дар онҳо маълумотҳо оид ба вазъи саломатии даъватшаванда оварда шудаанд, омӯхта, қобилияти хизмати ҳарбӣ доштани даъватшавандаро муайян намоянд”,-шарҳ дод ҳуқуқшинос.
Дар ҳолате ки даъватшаванда оид ба вазъи саломатии худ шикоят дорад ва вобаста ба онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда мавҷуданд, ҳатмӣ аст, ки комиссияи тиббии даъватӣ барои муайян намудани бемории даъватшаванда дар асоси санад ӯро барои муоинаи тиббӣ ба беморхонаҳои шаҳр ё вилоят фиристад.
Аммо нисбат ба Авезов чунин чораҷӯӣ накардаанд.
Зимнан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, даъват бо истифодаи зуровариро ба хизмати ҳарбӣ пешбинӣ накардааст, балки онро иҷозат намедиҳад.
Ҳамчунин, мувофиқи банди 22-и Низомнома “Дар бораи тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ”, даъватнома ба даъватшавандагон бояд на дертар аз 5 рӯзи ҳозиршавӣ ба участкаи даъватӣ барои гузаштани комиссияи даъват супорида шавад. Қонун талаб менамояд, ки дастгир кардан ва маҷбуран овардани шахси синни даъватӣ танҳо бо асосҳои қонунӣ мумкин аст, он ҳам дар ҳолатҳое, ки даъватшаванда дидаву дониста аз ҳозир шудан ба комиссияи даъватӣ саркашӣ карда бошад, яъне агар даъватшаванда бо асосҳои қонунӣ аз хизмати харбӣ саркашикунанда эътироф шудаву оид ба ин ҳолат нисбаташ аз ҷониби комиссиариати ҳарбӣ, мақомоти милитсия ё прокуратура парванда оғоз шуда бошад.
“Аммо ҳолатҳои аз ҷониби шахсони мансабдор (намояндагони комиссиариати ҳарбӣ, ҷамоатҳо ва дигар намояндагони комиссияи даъват) бо мақсади гузаронидан аз комиссияи даъват ва фиристонидан ба хизмати ҳарбӣ, дастгир кардан ва ба комиссариати ҳарбӣ овардани даъватшаванда комилан ғайриқонунӣ ва поймолкунии ҳуқуқу озодӣ ва дахлнопазирии шахсии даъватшаванда ба ҳисоб меравад. Нисбат ба Авезов айнан ҳамин ҳолат рӯй додааст”,-мегӯяд Самадова.
Дар ҳамин ҳол, айни замон аз ҷониби ташкилоти “Бюрои озодиҳои шаҳрвандӣ” оид ба поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои Авезов ба Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд, комиссияи даъватии вилояти Суғд ва Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд аризаи шикоятӣ пешниҳод шудааст.
Ба иловаи пур кардани сафи Артиш аз ҳисоби даъватшавандаи бемор, ин қазия як нуктаи хеле муҳим дорад. Тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, бе асосҳои қонунӣ боздошт кардану дар ҷойҳои маҳдуд нигоҳдорӣ кардани шахс манъ аст. Агар фаразан Авезов қобили хизмат асту бояд ба қисми низомӣ фиристода мешуд, бояд давоми то 3 рӯз қарор дар бораи ба қисми низомӣ фиристода шуданаш қабул мегардид. Аммо ӯро, сарфи назар аз мавҷудияти ҳуҷҷатҳо оид ба беморӣ, 22 шабонарӯз дар захирагоҳи даъватшавандагон нигоҳ доштаву баъдан ба қисми низомӣ фиристодаанд.
Ба ғайр аз ин, тибқи талаботи моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, комиссиариати ҳарбӣ ҳақ надошт, ки то замони ба итмом расидани баррасии муроҷиати даъватшаванда ӯро ба маҳалли адои хизмат сафарбар кунад. Аммо дида мешавад, ки барои масъулони Комиссиариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ин ҳама беаҳамият аст ва ба ин хотир дар як вақт ҳам тақдири инсон зери пой гузошта шудаву ҳам талаботи қонунгузорӣ поймол гардидаву ҳам сафи Артиши Тоҷикистон бо аскари бемор пур карда шудааст.