Замимаи мобилии «МАН ВА ҲУҚУҚҲОИ МАН!»

Рӯз ба хайр, дӯстон!

Инак, санаи 1-уми июн онлайн-викторина баргузор гардид, ки натиҷаи маъракаи иттилоотии «Ман ва ҳуқуқҳои ман» буд. Аз рӯи натиҷаҳои викторина 3 нафар ғолибон муайян шуданд: Ҳушанг Ҷумаев, Фирӯз Юсуфӣ ва Хусрав Зикруллоев. Ин ҷавонон ҳангоми посух додан ба пурсишҳо оид ба замимаи мобилии “Ман ва ҳуқуқҳои ман” фаъолтаринҳо буданд.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи иттилоотӣ аз 16-уми май то 1-уми июни соли 2022 тавассути саҳифаҳои ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» доир гардид. Иттилоъноксозӣ дар давоми 12 рӯз зиёда аз 300 ҳазор нафарро фаро гирифт.

Ҳама фаъолиятҳо бо дастгирии Барномаи авруосиёии Бунёди Ҷамъияти Кушода ва Траст Зигрид Раузинг амалӣ карда мешаванд. Илова бар ин, чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон - «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои тавонмандсозии ҳуқуқу имкониятҳои мардум дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ мегардад, гузаронида мешавад.

 

  

#HRCTajikistan #HumanRights #mobileapp #informationcampaign #Tajikistan

#ИнформационнаяКампания #ЯиМоиправа #мобильноеприложение #БотТелеграм