Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 7-уми августи соли 2025 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 89 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 1285 ҷиноят зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳо 28 ҳолат ба одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, 20 адад ба роҳзанӣ, 57 адад ба ғоратгарӣ, 24 адад ба таҷовуз ба номус, 64 адад ба расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 762 адад ба авбошӣ, 2356 адад ба қаллобӣ, 2182 адад ба дуздӣ, 33 адад ба тамаъҷӯӣ ва 486 ҳолат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор рост меояд.
«Дар ин давра аз ҳама бештар ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва террористию экстремистӣ ба қайд гирифта шудаанд»,- иброз дошт Рамазон Раҳимзода.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 23 нафар барои содир намудани 73 ҷиноят ошкор карда шудааст.