Вебинари «Далелҳои ғайри қобили қабул дар мурофиаи ҷиноятӣ: кафолатҳои қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи инсон»

2-юми июни соли 2026 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавзуи «Далелҳои ғайри қобили қабул дар мурофиаи ҷиноятӣ: кафолатҳои қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи инсон» вебинар баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи тадбирҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, доир гардид.

Вебинар дар платформаи Jitsi Meet дар шакли амн баргузор гардид, ки имконияти иштироки беном ва пешниҳоди саволҳоро дар вақти воқеӣ фароҳам овард. Бо мақсади таъмини махфияти иштирокдорон сабти чорабинӣ анҷом дода нашуд.

Ҳадафи вебинар боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии иштирокдорон ва шинос намудани онҳо бо стандартҳои миллӣ ва байналмилалии танзими масъалаҳои қобили қабул будани далелҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ, инчунин механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ҳангоми амалисозии истеҳсолоти судии ҷиноятӣ буд.

Дар чорабинӣ 16 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, ҳимоятгарони ҳуқуқ ва дигар шахсони манфиатдор иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вебинар стандартҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки истифодаи далелҳои тавассути шиканҷа ва дигар усулҳои ғайриқонунӣ бадастомадаро манъ мекунанд, инчунин муқаррароти дахлдори қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба моддаи 88(1)-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғайри қобили қабул будани далелҳои бо нақзи талаботи қонун бадастомадаро пешбинӣ менамояд, равона карда шуд.

Иштирокдорон аҳамияти манъи истифодаи далелҳои ғайриқонунӣ бадастомадаро барои таъмини муҳокимаи одилонаи судӣ, пешгирии нақзи ҳуқуқи инсон ва таҳкими принсипи қонуният дар мурофиаи ҷиноятӣ баррасӣ намуданд. Ҳамчунин мушкилоти мавҷудаи амалияи ҳуқуқистифодабарӣ, аз ҷумла душвориҳои исботи далелҳои маҷбурсозӣ, набудани механизмҳои самараноки хориҷ намудани далелҳои ғайри қобили қабул ва зарурати таҳкими назорати судӣ баррасӣ гардиданд.

Дар рафти чорабинӣ иштирокдорон фаъолона саволҳо пешниҳод намуданд, ки ба татбиқи амалии моддаи 88(1)-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалкунандаи ҳимояи ҳуқуқӣ вобаста буданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои вебинар иштирокдорон баланд шудани сатҳи дониши худро оид ба кафолатҳои қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мурофиаи ҷиноятӣ зикр намуданд, дар бораи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба қобили қабул будани далелҳо маълумоти актуалӣ гирифтанд, инчунин фаҳмиши худро оид ба мушкилоти мавҷуда дар самти татбиқи қонун амиқтар карданд.

Баргузории вебинар ба рушди мубоҳисаҳои касбӣ оид ба масъалаҳои адолати судӣ, қонунияти таъқиби ҷиноятӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.

NotortureTj