Вебинар оид ба нақши хешовандон дар ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ нигоҳдорӣ мешаванд

10-уми июни соли 2026 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷониби хешовандон» вебинар баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи тадбирҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, доир гардид.

Вебинар дар платформаи Jitsi Meet дар шакли амн баргузор гардида, барои иштирокдорон имконияти иштироки беном ва пешниҳоди саволҳоро дар вақти воқеӣ фароҳам овард. Бо мақсади таъмини махфияти иштирокдорон сабти чорабинӣ анҷом дода нашуд.

Ҳадафи вебинар шинос намудани иштирокдорон бо механизмҳои ҳуқуқии ҳимояи шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ нигоҳдоришаванда, нақши хешовандон дар пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин фаъолиятҳои амалӣ оид ба ҳуҷҷатгузории ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагон буд.

Дар чорабинӣ 23 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, равоншиносон, фаъолон ва дигар шахсони манфиатдор иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вебинар стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар самти пешгирии шиканҷа, кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқи шахсони дар ҳабс ва ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта, инчунин нақши хешовандон дар ошкор намудани далелҳои эҳтимолии истифодаи зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масоили иштироки хешовандон дар пешгирии шиканҷа ва ҳимояи ҳуқуқи шахсони дар ҳабс қарордошта, нишонаҳои истифодаи эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин тартиби амал ҳангоми дастрас гардидани маълумот дар бораи далелҳои зӯроварӣ равона карда шуд.

Иштирокдорон бо тартиби сабти осебҳои ҷисмонӣ ва нигоҳдории далелҳо, аҳамияти муоина ва ҳуҷҷатгузории тиббӣ барои тафтишоти минбаъда шинос шуданд.

Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин масъалаҳои муроҷиат ба прокуратура, суд, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, адвокатҳо ва ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ, механизмҳои назорати тафтишот ва шикоят аз қарорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор, инчунин аҳамияти муроҷиати саривақтӣ барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ бо мақсади ҳимояи самараноки ҳуқуқи ҷабрдидагон баррасӣ гардиданд.

Ба иштирокдорон оид ба омода намудани муроҷиатҳо ва шикоятҳо, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва назорат аз болои пурраву воқеъбинона гузаронидани санҷишҳо тавсияҳои амалӣ пешниҳод карда шуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои вебинар иштирокдорон муҳимияти мавзуҳои баррасишуда, арзиши амалии тавсияҳои пешниҳодгардида ва зарурати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии хешовандони шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ нигоҳдоришавандаро зикр намуданд. Дар рафти баррасӣ қайд карда шуд, ки ҳуҷҷатгузории саривақтии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳамкории фаъол бо адвокатҳо ва мақомоти давлатӣ, инчунин назорати пайвастаи тафтишот ба ҳимояи муассири ҳуқуқи ҷабрдидагон ва ба ҷавобгарӣ ҷалб сохтани шахсони гунаҳкор мусоидат менамояд.

NotortureTj