Вебинар оид ба фаъолияти мақомоти прокуратура дар самти пешгирии шиканҷа

11-уми июни соли 2026 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавзуи «Фаъолияти мақомоти прокуратура дар самти пешгирии шиканҷа» вебинар баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи тадбирҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, доир гардид.

Вебинар дар платформаи Jitsi Meet дар шакли амн баргузор гардида, барои иштирокдорон имконияти иштироки беном ва пешниҳоди саволҳоро дар вақти воқеӣ фароҳам овард. Бо мақсади таъмини махфияти иштирокдорон сабти чорабинӣ анҷом дода нашуд.

Ҳадафи вебинар иттилоънок намудани иштирокдорон дар бораи фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии шиканҷа, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва амалисозии назорати прокурорӣ оид ба риояи қонуният, инчунин боло бурдани сатҳи огоҳӣ дар бораи механизмҳои пешгирӣ ва қатъи ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона буд.

Дар чорабинӣ 20 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, ҳимоятгарони ҳуқуқ, рӯзноманигорон, фаъолон ва дигар шахсони манфиатдор иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вебинар асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии шиканҷа, вазифаҳои асосии прокуратура оид ба таъмини қонуният ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба иштирокдорон маълумот дар бораи мавзуи назорати прокурорӣ, ваколатҳои прокурорҳо ҷиҳати назорат аз болои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин риояи ҳуқуқҳои шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта пешниҳод гардид.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар марҳилаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, инчунин механизмҳои ошкорсозӣ ва пешгирии далелҳои истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона равона карда шуд. Иштирокдорон бо ваколатҳои прокурорҳо дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, гузаронидани санҷишҳо ва андешидани чораҳои вокуниш дар ҳолатҳои ошкор гардидани қонунвайронкуниҳо шинос шуданд.

Дар рафти чорабинӣ иштирокдорон оид ба масъалаҳои такмили амалияи ҳуқуқистифодабарӣ ва баланд бардоштани самаранокии тадбирҳо дар самти пешгирии шиканҷа мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин шунавандагон тавонистанд саволҳои мавриди таваҷҷуҳи худро пешниҳод намоянд. Яке аз иштирокдорон зикр намуд, ки вебинар ба ӯ имкон дод, то аҳамияти назорати самараноки прокурориро ҳамчун яке аз механизмҳои асосии таъмини манъи шиканҷа ва ҳимояи ҳуқуқи инсон беҳтар дарк намояд.

Аз рӯйи натиҷаҳои чорабинӣ зарурати татбиқи минбаъдаи механизмҳои таъмини қонуният, таҳкими кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва боло бурдани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона таъкид гардид.

Иштирокдорон муҳимияти баланди мавзуи баррасишударо зикр намуда, ба ҷонибдории идома ёфтани таҷрибаи баргузор намудани чунин вебинарҳои омӯзишӣ изҳори назар карданд.

NotortureTj