Ваколатдор: шаҳрвандон аз нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла истифодаи эҳтимолии шиканҷа бештар муроҷиат мекардагӣ шудаанд

Ҳангоми эълони натиҷаҳои шашмоҳаи соли 2022, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода рӯзи 1-уми август дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар давраи ҳисоботӣ дафтари Ваколатдор 835 (соли 2021-ум - 1088) муроҷиати шахсони воқеиву ҳуқуқиро ба қайд гирифтааст, ки аз он 182 хаттӣ (соли 2021-ум – 227), 647 шифоҳӣ (соли 2021-ум – 851), 3 адад электронӣ ва 3 муроҷиати телефонӣ мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ 264 (соли 2021-ум - 238) муроҷиати шаҳрвандон ба йайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 105 адад хаттӣ ва 153 адад шифоҳиянд.

Муроҷиатҳои хаттӣ ба самтҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дахл доштаанд, аз ҷумла:

- ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - 11 муроҷиат (соли 2021-ум - 15);

- ҳуқуқ ба мурофиаи судии адолатнок - 7 муроҷиат (соли 2021-ум - 8);

- ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ ва озодӣ аз ҳама намудҳои зӯроварӣ - 4 муроҷиат (соли 2021-ум - 3) ва ғайра.

Муроҷиатҳои шифоҳӣ (153) аз ҷумла ба ҳуқуқҳои зерини озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доштаанд:

- ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумгашта - 8 муроҷиат (соли 2021-ум - 5);

- ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - 6 муроҷиат ва ғайра.

Мавзуҳои муроҷиатҳо шикоят аз қарорҳо ва амалҳо (беамалии шахсони ваколатдор, норозигӣ аз гузаронидани тафтишот, истифодаи эҳтимолии шиканҷа, муайянсозии макони боздошт) будаанд.

Дар шарҳи суол оид ба таҳлили вазъи ҳуқуқи инсон ва гузаронидани мониторингу санҷишҳо Умед Бобозода зикр намуд, ки дар шашмоҳаи соли 2022 мутобиқ ба Барномаи амали Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, нақшаи кории гуруҳи мониторингӣ, муроҷиатҳои шаҳрвандон ва супоришҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 4 мониторинг (соли 2021-ум - 9), 23 санҷиш (соли 2021-ум - 14), 2 боздид (соли 2021-ум - 9), дар умум 29 (соли 2021-ум - 32) санҷиш, мониторинг ва боздидҳо гузаронида шудаанд.

Дар баробари ин, кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар 7 (соли 2021-ум - 3) мурофиаи судӣ иштирок кардаанд.

Дар робита ба фаъолияти намояндагиҳо ва нуқтаҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода иттилоъ дод, ки айни замон дар 6 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ се намояндагӣ ва се нуқтаи қабули ВҲИ амал мекунанд.

Дар шашмоҳаи соли 2022 дар намояндагиҳо ва нуқтаҳои ҷамъиятии ВҲИ 571 муроҷиат (соли 2021-ум - 850) ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 77 адад хаттӣ (соли 2021-ум - 119) ва 494 (соли 2021-ум - 731) адад шифоҳӣ мебошад.

Аз ҷониби намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ 60 (соли 2021-ум - 115) машварати сайёри ройгон гузаронида шудааст, ки дар онҳо зиёда аз 3000 нафар иштирок кардаанд.

NoTorture.Tj