Вакилони дифоъ: "Ҳукми Шерику Димонро дар ғайби мо эълон карданд"

Вакилони дифоъ: "Ҳукми Шерику Димонро дар ғайби мо эълон карданд"

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 10 май, Шерик Карамхудоевро ба 14 соли зиндон ва Димон Ашӯровро 12 сол маҳкум кард.

Вакилони дифоъи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбат ба зерҳимояҳояшонро ғайриқонунӣ ва ноодилона арзёбӣ карданд. Шӯҳрат Қудратов - вакили дифои Димон Ашӯров рӯзи 10 май ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ ин ҳукмро бидуни ширкати вакилони дифоъ эълон кард, ки муғойир ба қавонини ҷории кишвар аст. Оқои Қудратов ҳукми муваккилашро «говсуд» номид ва гуфт, додрас ҳақ надошт бидуни ширкати вакилони дифоъ ҳукм содир кунад. «Вақте ба мо гуфтанд, ки имрӯз ҳукми додгоҳ содир нахоҳад шуд, мо аз бинои додгоҳ берун шудем ва баъди чанд муддат хабар ёфтем, алакай ҳукмашонро хондаанд», - афзуд Шӯҳрат Қудратов.

Оқои Қудратов гуфт, дар мулоқот бо зерҳимояаш Димон Ашӯров шикоят ба додгоҳи таҷдиди назарро пешниҳодаш хоҳад кард ва агар пазируфт, аризаи шикоятиро ба муҷарради дастрас кардани ҳукми додгоҳ дар ҳафтаи оянда ироа кунанд. Шӯҳрат Қудратов қаблан ба “Азия-Плюс” гуфт: “Димон Ашӯровро дар ҷиноятҳое муҷрим шинохтанд, ки ба ҳаводиси Хоруғ рабт надоранд. Аз сӯи дигар, додгоҳ дархостҳои мо барои даъвати шоҳидони иловагиро радд кард, ки аз яктарафа ва ба фоидаи ҷониби айбдоркунанда гузаштани ин мурофиа дарак медиҳад.”

Тафтишот Шерик Карамхудоев, раҳбари бахши ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғро дар «созмон додани гурӯҳи ҷиноӣ», «ширкат дар беназмиҳои оммавӣ», «зӯроварӣ алайҳи намояндаи давлатӣ» ва «ғайриқонунӣ ҳифз кардани силоҳ» айбдор мекунад ва айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои ӯ 15 соли зиндон хоста буд. Димон Ашӯров, ки аз ёрони Имомназар Имомназаров, як фармондеҳи собиқи мухолифин дар Хоруғ ба ҳисоб меравад, низ дар маҷмӯъ ба 6 ҷурм, аз ҷумла, ба «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», «бетартибиҳои оммавӣ», «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат», «фирор» ва «тақаллуби ҳуҷҷатҳо» айбдор мешуд ва айбдоркунанда аз додгоҳ барои ӯ 13 сол ҳукми зиндон хоста буд. Мурофиаи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров дувумин додгоҳи марбут ба нооромиҳои моҳи июли соли гузашта дар маркази вилояти Бадахшон аст. Дар ҷараёни амалиёте, ки 24 июли соли 2012 бо талаби ба мақомот супурдани гумонбарони қатли раиси идораи амнияти Бадахшон генерал Абдулло Назаров оғоз ёфт, қариб 70 нафар кушта шуданд. Мақомот дар пайи ин амалиёти зидди гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар бораи боздошти 40 нафар, аз ҷумла, 8 шаҳрванди Афғонистон хабар доданд, вале то кунун танҳо 4 нафар бо ҷурми даст доштан дар он ҳодисаҳо маҳкум шудаанд.

Дар моҳи феврал Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов – гумонбарони асосӣ дар қатли генерал Назаров – ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи вакили мудофеъ Файзи Олӣ, додгоҳ баъдан ҳукми Ҳамза Муродовро як сол кам кардааст.

Файзи Олӣ, ки ҳимояти Шерик Карамхудоевро ҳам бар ӯҳда дорад, ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки аз мурофиаи имрӯза хабардораш накардаанд. Ӯ қаблан хостори ҳукми боадолаттар барои муваккилаш Карамхудоев ва Димон Ашӯров шуда буд. Карамхудоев дар ҳамон рӯзҳои амалиёти Хоруғ боздошт шуда буд. Аммо Димон Ашӯровро, ки дар ҳодисаҳои Хоруғ ҷароҳат бардошта, дар Чин табобат мегирифт, дар поёни сол ба Душанбе истирдод карданд. Муҳокимаи онҳо дар Додгоҳи олӣ пушти дарҳои баста гузашт.

Радиои Озодӣ 

Раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ барои 14 сол маҳкум ба зиндон шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 10-уми май бо анҷоми муҳокимаи як парванда Шерик Карамхудоев, раиси бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хоруғро ба 14 сол ва Дамон Ашӯров, як сокини ин шаҳҳро барои 12 сол зиндон маҳкум кард.

Нуриддин Расулов, қозии ин паванда оқоёни Карамхудоев ва Ашӯровро дар таъсиси гурӯҳҳои ҷинояткор, бенизомиҳои гурӯҳӣ, тақаллуб, ҳамли ғайримуҷози аслиҳа ва сарпечӣ аз итоъат ба мақомоти зидахл муҷрим шинохт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ин ду нафарро дар авоили моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз кард ва муҳокимаи он пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Дамон Ашӯров, ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз машварат бо хешовандони Дамон Ашӯров аз ҳукми Додгоҳи олӣ ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳад бурд.

Исми Давлатбек ё Дамон Ашӯров дар расонаҳо дар тобистони соли 2012 баъд аз амалиёти низомии давлат дар шаҳри Хоруғ барои поксозии афроди ба гуфтаи давлат ҷинояткор матраҳ шуд. Ӯ дар моҳи январи соли равон дар Чин тавассути пулиси он кишвар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Шерик Карамхудоев, ки додгоҳ ӯро ба 14 сол зиндон маҳкум кард низ баъд аз амалиёти як рӯзаи нерӯҳои давлат дар рӯзи 24 июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ боздошт шуда буд. Раиси бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хоруғ аз 8 моҳ бадин сӯ дар маҳбас ба сар бурд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи Имумназар Имумназаров, яке аз мухолифони пешини давлат муттаҳам карда буданд.

Масъулони ҲНИТ дар нишасте матбуъотӣ ба дунболи боздошти Шерик Карамхудоев аз ӯ ба унвони зиндонии сиёсӣ ном бурданд. Модар ва ҳамсари оқои Карамхудоев иддаъо карданд, ки Шерик дар боздоштгоҳ таҳти шиканҷа водор ба имзои шаҳодати дурӯғин шудааст.

Аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла Додситонии кулли ин кишвар қаблан эълом карда буданд, ки Шерик Карамхудоев раҳбарии як гурӯҳи 21-нафарии мусаллаҳро бар ӯҳда дошта ва ин гурӯҳ ба нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ муқовимат кардааст.

Рӯзи 24 июли соли 2012, нерӯҳои давлатии Тоҷикистон ба манзури боздошт ва муҷозоти афроди мазнун дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши маҳаллии амният, дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, амалиёти густардаеро анҷом доданд.

Мақомот омори талафоти ҷонӣ дар миёни нерӯҳои давлатӣ дар амалиёти Хоруғро 17 нафар ва захмиёнро 40 нафар эълом карда буданд. Ҳамчунин тибқи ин омор дар ин амалиёт 30 шӯришӣ кушта ва 40 нафар боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ин амалиёт, ки бо истифода аз аслиҳаи сангин дар шаҳри Хоруғ анҷом шуд, дар миёни ғайринизомиён низ шуморе кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Ин дуввумин бор аст, ки додгоҳҳои дар Тоҷикистон муҳокимаи сокинонро дар робита ба ҳаводиси моҳи июли Хоруғ анҷом медиҳанд.

Дар моҳи феврали соли равон Додгоҳи вилояти Бадахшон, Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродовро дар қатли Абдулло Назаров, раиси пешини бахши амният дар ин вилоят, муҷрим шинохта ва бар асоси моддаи 104-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон мутаносибан барои 17 ва 16 сол равонаи зиндон карда буд.

BBC