Тренинг оид ба дастгирии равониву иҷтимоии занон ва наврасони қаблан маҳкумшуда

20-21-уми август дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон тренинги амалии дурӯза дар мавзӯи «Аз осебпазирӣ ба боварӣ: муносибати равониву иҷтимоӣ дар кор бо занон ва наврасони қаблан маҳкумшуда» баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тренингро коршиносони миллӣ - устодони кафедраи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қутбиддин Каримиён ва Мадина Шарифова гузарониданд. Барнома ба рушди малакаҳои касбии мутахассисоне, ки дар раванди бозгардонии маҳбусони собиқ ба ҷомеа ҷалб шудаанд, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ барои дастгирии муассиртари ин гурӯҳи осебпазир дар роҳи ҳамгироӣ бо ҷомеа равона карда шудааст.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқҳои асосӣ: таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти маҳбасҳо барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Лоиҳа аз ҷониби Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва ташкилоти фаронсавии Prison Insider бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад.

NotortureTj