Тренинг барои нозирони халқии судҳо дар вилояти Суғд

Ташкилоти ҷамъиятии “Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи лоиҳаи “Нозирони халқӣ муқобили шиканҷа - 2!”, ки бо дастгирии молиявии “Шарикии байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон - IPHR» амалӣ карда мешавад, барои нозирони халқии судҳои вилояти Суғд тренинг баргузор намуд.

Мақсад аз баргузории тренингҳо баланд бардоштани саводнокии иттилоотию ҳуқуқӣ ва фаъол гардонидани нозирони халқии нав интихобшуда - таъиншуда ҳангоми иштирок дар мурофиаи судӣ буд. Инчунин, дар тренинг ба мавзӯи «шиканҷа» ва меъёрҳои ҷавобгарӣ барои истифодаи онҳо дар доираи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавон ба мутахассис дар самти иттилооти ташкилот Абдурасулова Муҳаррам муроҷиат намуд.

Телефон барои маълумот: 92 7755755

e-mail: info@apart.tj

web-site: www.apart.tj