Тоҷикистон: тавсияҳои СММ оид ба мубориза бо зӯроварии гендерӣ ва хонаводагӣ нисбати занону духтарон

Ин ҳуҷҷат хулосаи маҷмуи тавсияҳои мақомоти шартномавии СММ ва Шурои ҳуқуқи инсони СММ мебошад, ки дар доираи давраи сеюми Шарҳи даврии универсалӣ оид ба масоили зӯроварии гендерӣ ва хонаводагӣ нисбати занон ва духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати моҳи январи соли 2026 қабул шудаанд.

Дар асоси таҳлили гузаронидашуда маводи таҳлилии ҳамоҳанггардида омода ва бастаи тавсияҳо барои Нақшаи миллии амал барои солҳои 2026-2030 оид ба татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 таҳия карда шуданд.

Илова бар ин, пешниҳодот барои Гузориши алтернативии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи Шарҳи даврии универсалӣ (пешниҳод - марти соли 2026, баррасӣ - ноябри соли 2026) таҳия карда шуданд, ки бо афзалиятҳои миллӣ мувофиқ буда, ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқи занон ва духтарон, инчунин ба мустаҳкам сохтани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварии гендерӣ ва хонаводагӣ нигаронида шудаанд.

ТҶ "Ҳуқуқи дастрас"