Силсилаи вебинарҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мегардад, Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳамаи шахсони таваҷҷуҳмандро ба иштирок дар силсилаи вебинарҳои омӯзишӣ даъват менамояд. Вебинарҳо ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва таъмини дастрасӣ ба адолат бахшида шудаанд.

Дар доираи силсилаи вебинарҳо коршиносон, ҳуқуқшиносон ва намояндагони ташкилотҳои соҳавӣ масъалаҳои муҳими қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ, механизмҳои пешгирии шиканҷа, ҳуқуқҳои ҷабрдидагон ва хешовандони онҳо, инчунин ҷанбаҳои амалии ҳимояи ҳуқуқи инсонро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҷадвали вебинарҳо:

1-уми июни соли 2026 - «Кафолатҳои қонунгузории ҳимоя аз шиканҷа: тағйироти асосии мурофиаи ҷиноятӣ»;

2-юми июни соли 2026 - «Далелҳои ғайри қобили қабул дар мурофиаи ҷиноятӣ: кафолатҳои қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи инсон»;

3-юми июни соли 2026 - «Стандартҳои байналмилалии ҳимояи шаъну шарафи инсон: фарқгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона»;

4-уми июни соли 2026 - «Манъи шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: стандартҳои байналмилалӣ ва рушди қонунгузории ҷиноятӣ»;

5-уми июни соли 2026 - «Пешгирии шиканҷа: механизмҳои системавии пешгирӣ, рақамикунонӣ ва кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон»;

8-уми июни соли 2026 - «Ҷанбаҳои равонии офиятбахшии қурбониёни шиканҷа»;

9-уми июни соли 2026 - «Алгоритми амалҳои қурбониён ҳангоми тафтиши ҳолатҳои шиканҷа»;

10-уми июни соли 2026 - «Ҳимояи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ нигоҳдорӣ мешаванд, аз ҷониби хешовандон»;

11-уми июни соли 2026 - «Фаъолияти мақомоти прокуратура дар самти пешгирии шиканҷа»;

12-уми июни соли 2026 - «Фарқгузории таркибҳои ҷиноятҳои «шиканҷа» ва «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ»;

15-уми июни соли 2026 - «Таъмини дастрасӣ ба адолат барои қурбониёни шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

16-уми июни соли 2026 - «Ҳуқуқи инсон ҳангоми бозпурсӣ: кафолатҳои ҳуқуқӣ ва ҳудуди амалҳои иҷозатдодашуда».

Чӣ гуна иштирок кардан мумкин аст?

Иштирок дар вебинарҳо ройгон аст. Сабтиноми пешакӣ талаб карда намешавад. Пайвастан ба вебинарҳо дар санаи мувофиқ аз соати 14:00 тавассути ин суроға мумкин аст: https://meet.jit.si/Webinars_CoalitionAgainstTortureTJ

Аз намояндагони мақомоти давлатӣ, адвокатҳо, ҳимоятгарони ҳуқуқ, рӯзноманигорон, донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳамаи шахсони таваҷҷуҳманд даъват карда мешавад, ки дар баррасии масъалаҳои муҳими пешгирии шиканҷа ва ҳимояи ҳуқуқи инсон иштирок намоянд.

NotortureTj