Силсилаи тренингҳои омӯзишӣ барои кормандони муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар моҳҳои июл-августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили салоҳияти касбии кормандони муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор тренинги серӯза ташкил менамоянд.

Чорабиниҳои мазкур дар доираи татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 гузаронида мешаванд.

Чорабиниҳои омӯзишӣ аз ҷониби тренерҳо аз ҳисоби кормандони СРИҶҶ ВА ҶТ ва омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар доираи чорабиниҳои омӯзишӣ иштироки категорияҳои зерини кормандони системаи пенитенсиарӣ пешбинӣ шудааст: сардорони муассисаҳои ислоҳӣ, муовинони сардорони муассисаҳо оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, сардорони отрядҳо, сардорони шуъбаҳои оперативӣ-режимӣ.

Мақсад аз баргузории тренингҳо таҳкими донишу малакаи иштирокчиён дар самти риояи ҳуқуқҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, инчунин идоракунии муассиру инсондӯстонаи муассисаҳои ислоҳӣ тибқи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Ташаббуси мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.

ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон”