Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Дар системаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқҳои шахсият ҳангоми боздошт ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муқаррар шудааст. Қонунгузории кишвар на танҳо ба муайян кардани ҷавобгарӣ барои қонуншиканиҳо, балки ба фароҳам овардани шароитҳое низ, ки бояд муносибати бераҳмона пешгирӣ гардад, равона шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дахлнопазирии шахсиятро эълон медорад, кафили асосии ҳуқуқ ва озодиҳо мебошад. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиканҷа ҳамчун таркиби алоҳидаи ҷиноят муайян гардида (моддаи 143, эзоҳи 1), барои истифодаи он ҷавобгарии ҷиноятӣ, аз ҷумла маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлатҳои тӯлонӣ пешбинӣ шудааст.
Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи кафолатҳоеро муқаррар мекунад, ки ба ҳимояи шахсият ҳангоми боздошт нигаронида шудаанд. Мувофиқи принсипҳои он, ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа, зӯроварӣ ё дигар муносибати бераҳмона ва ё пастзанандаи шаъну шараф қарор гирад. Ин муқаррарот нисбати ҳамаи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, аз ҷумла боздоштшудагон татбиқ мешаванд.
Мувофиқи моддаи 11-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, боздошт танҳо дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои қонунӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонун иҷозат дода мешавад. Давлат вазифадор аст, ки шароити нигоҳдории бехатар барои ҳаёт ва саломатии боздоштшудагонро таъмин созад, инчунин шахсони ғайриқонунӣ ё бо нақзи муҳлатҳои муқарраршуда боздоштшударо фавран озод намояд.
Барои пешгирии муносибати бераҳмона кафолатҳое, ки дар соатҳои аввали баъд аз боздошти воқеӣ амал мекунанд, аҳамияти хоса доранд. Боздоштшуда ҳуқуқ дорад хешовандонро аз макони қарордоштаи худ огоҳ созад, ки хатари нигоҳдории пинҳониро кам карда, назорати берунаро таъмин менамояд. Ба ӯ инчунин бояд аз лаҳзаи боздошти воқеӣ дастрасӣ ба адвокат таъмин карда шавад, ки кафолати калидии риояи ҳуқуқҳояш ҳангоми амалиёти тафтишотӣ ба шумор меравад. Қарор дар бораи ба ҳабс гирифтан аз ҷониби суде қабул карда мешавад, ки қонунияти амалиётро месанҷад ва вазъи боздоштшударо ба назар мегирад.
Муоинаи судӣ-тиббӣ дар системаи пешгирӣ ва ошкор кардани қонуншиканиҳо нақши муҳим дорад. Ҳангоми ҷойгиркунӣ дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ муоинаи тиббӣ гузаронида мешавад, ки барои сабти вазъи саломатии шахс ҳангоми боздошт мусоидат менамояд. Дар сурати ворид гардидани шикоятҳо оид ба муносибати ғайриқонунӣ муоина имкон фароҳам меорад, то хусусият, замон ва механизми ҷароҳат бардоштан муайян карда шавад, ки аҳамияти исботнамоӣ дорад.
Кафолати иловагии ҳимоя назорати прокурорӣ ба шумор меравад. Тибқи қонунгузорӣ прокурор ҳуқуқ дорад аз маконҳое, ки боздоштшудагон нигоҳдорӣ мешаванд, боздид намояд, онҳоро пурсад, қонунияти боздошт ва шароити нигоҳдориро санҷад, инчунин талаб намояд, ки қонуншиканиҳои ошкоргардида ислоҳ карда шаванд. Ин механизм ба таъмини риояи ҳуқуқи инсон ва пешгирии сӯйистифода аз ҷониби шахсони мансабдор равона карда шудааст.
Ҳамин тариқ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи кафолатҳои ҳуқуқии ҳимояи боздоштшудагон аз муносибати бераҳмона, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шиканҷа, ҳуқуқҳои мурофиавии боздоштшудагон, назорати судӣ, назорати прокурорӣ ва механизмҳои сабти тиббии қонуншиканиҳои эҳтимолиро пешбинӣ мекунад. Ин меъёрҳо ба таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқҳои шахсият ва пешгирии истифодаи усулҳои ғайриқонунии таъсиррасонӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ равона карда шудаанд.