Сабти тиббии осори шиканҷа: чаро фавран ба духтур муроҷиат кардан муҳим аст?

Мушкили шиканҷа яке аз масъалаҳои мубрам дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон боқӣ мемонад. Дар моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст: «Дахлнопазирии шахсиро давлат кафолат медиҳад. Ҳеҷ кас набояд ба шиканҷа, бераҳмӣ ва муносибати ғайриинсонӣ дучор гардад. Таҷрибаҳои маҷбурии тиббӣ ва илмӣ нисбати одамон манъ аст».

Барои таъмин кардани адолат ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани гунаҳкорон далелҳои воқеӣ заруранд. Аз ин рӯ, сабти тиббии осори шиканҷа нақши калидӣ дорад - он тиб, ҳуқуқ ва ҳимояи ҳуқуқи инсонро дар як механизми ягонаи муқовимат ба зӯроварӣ муттаҳид месозад.

Дар моддаи 143 (1)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи шиканҷа пешбинӣ шудааст, ки хусусияти асосии он қасдан расонидани азобҳои ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ мебошад.

Сабти тиббии осори шиканҷа чист?

Сабти тиббии нишонаҳои шиканҷа - ин раванди ҳуҷҷатгузории (шаҳодаткунонии тиббӣ) оқибатҳои ҷисмонӣ ва равонии зӯроварӣ аз ҷониби табибон мебошад. Ҳадафи он тасдиқи объективии истифодаи шиканҷа ва таъмини дастрасии ҷабрдида ба адолат, ёрии тиббӣ ва офиятбахшӣ аст.

Нақши табиб дар мустақилият ва беғаразӣ, омодасозии ҳисоботҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ, инчунин дастгирии ҷабрдида дар раванди офиятбахшӣ ифода меёбад.

Бар асоси банди 10-и моддаи 71-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои дорои фаъолияти тиббии хусусӣ вазифадоранд дар бораи шахсоне, ки дар натиҷаи гирифтани ҷароҳати ҷисмонӣ, осеб, заҳролудшавӣ, инчунин ҷиноятҳои нисбаташон дар мавриди озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ содиршуда барои дастрас намудани ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.

Чаро фавран ба табиб муроҷиат кардан муҳим аст?

Аломатҳои зӯроварии ҷисмонӣ метавонанд бо мурури замон тағйир ёбанд ё пурра нопадид шаванд. Аз ин рӯ, муроҷиат ба табиб бояд ҳарчи зудтар сурат гирад. Ҳар қадар сабти тиббӣ зудтар гузаронида шавад, ҳамон андоза арзиши исботсозии хулосаи табиб баланд мешавад.

Шаҳодаткунонии саривақтии тиббӣ имкон медиҳад, ки:

- ҷароҳатҳои ҷисмонӣ муайян ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шаванд;

- нишонаҳои рӯҳӣ сабт карда шаванд;

- мушкилот пешгирӣ карда шаванд;

- табобати зарурӣ таъин карда шавад.

Бисёре аз ҷароҳатҳо таваҷҷуҳи таъҷилии тиббӣ талаб мекунанд. Таъхир метавонад боиси бад шудани ҳолат ё оқибатҳои бебозгашт гардад.

Банди 4-и моддаи 94-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст: «Ҳангоми ҷойгир кардани гумонбаршуда дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ барои муайян намудани вазъи умумии саломатӣ ва ё мавҷуд будани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ аз ҷониби корманди тиб муоинаи тиббии ӯ гузаронида мешавад. Гумонбаршуда ё ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки муоинаи тиббиро табиби мустақил ё коршиноси судӣ-тиббӣ гузаронад. Хулосаи муоинаи тиббӣ ба протоколи дастгиркунӣ ҳамроҳ карда мешавад».

Тавсифи фаврии ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва нишонаҳои рӯҳӣ баҳри нигоҳ доштани далелҳо барои тафтишот мусоидат мекунад ва ба ҷабрдида дастгирии тиббии заруриро таъмин менамояд.

Кафолатҳои ҳуқуқҳои маҳбусон ва манъи шиканҷа

Мутобиқи қисмҳои 1 ва 2-и моддаи 20-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

«1. Маҳкумшудагон ба амнияти шахсӣ ҳуқуқ доранд.

2. Ҳангоми ба миён омадани хатар ба ҳаёт ва саломатӣ ё таҳдиди содир шудани дигар ҷиноят ба муқобили шахсияти маҳкумшуда аз ҷониби дигар ашхос ӯ ҳуқуқ дорад ба ҳар як шахси мансабдори муассисаи иҷрокунандаи ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ҷиҳати таъмини амният ва гузаронидан ба дигар бино, ки дар он ҷо чунин таҳдид вуҷуд надорад, бо ариза муроҷиат кунад. Дар чунин ҳолат шахси мансабдор вазифадор аст ҷиҳати таъмини амнияти шахсии маҳкумшудаи муроҷиатнамуда чораҳои таъхирнопазир андешад».

Моддаи 10-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад: «Маҳкумшударо азобу шиканҷа додан ё нисбат ба ӯ муносибати бераҳмона ва ё ғайриинсонӣ кардан ё шаъну эътибори ӯро паст задан, таҳти тадқиқоти тиббӣ ё дигар тадқиқоти илмӣ, ки метавонад ҳаёт ва саломатии ӯро таҳти хатар гузорад, ҳатто бо розигии ӯ қарор додан қатъиян манъ аст».

Илова бар ин, қисми 5-и моддаи 16-и Кодекси мазкур ҳуқуқи маҳкумшудагонро ба ҳифзи тандурустӣ, аз ҷумла гирифтани ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ ва ёрии тиббии махсусгардонидашуда дар шароити амбулаторӣ ё статсионарӣ вобаста ба хулосаи тиббӣ муқаррар менамояд.

Шартҳо ва унсурҳои сабти тиббӣ

Сабти саривақтии оқибатҳои ҷисмонӣ ва равонии зӯроварӣ дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ ва барномаҳои офиятбахширо таъмин менамояд. Арзиши он бо риояи принсипҳои асосӣ муайян карда мешавад:

Объективият - табиб нишонаҳои зӯровариро бидуни арзёбиҳои субъективӣ сабт мекунад ва асосан ба маълумоти тиббӣ такя менамояд.

Пуррагӣ - ҳам ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва ҳам оқибатҳои равонӣ ҳуҷҷатгузорӣ мешаванд.

Стандартизатсия - формати ягона барои тавсифи ҷароҳатҳо ва нишонаҳо истифода мешавад, ки эътирофи хулосаҳоро дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ таъмин мекунад.

Унсурҳои асосии сабти тиббӣ инҳо ба шумор мераванд:

- муоина ва тавсифи муфассали ҷароҳатҳо (доғҳо, захмҳо, сӯхтагиҳо ва ғайра) бо нишон додани хусусият, дараҷаи вазнинӣ, макон ва давомнокӣ;

- сабти ҳолати равонӣ;

- истифодаи маводҳои визуалӣ (аксҳо ва видеоҳо) барои баланд бардоштани арзиши далелҳо;

- омодасозии хулосаи тиббии аҳамияти ҳуқуқӣ дошта.

Протоколи Истанбулӣ ва стандартҳои байналмилалӣ

Хулосаҳое, ки мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ, ба монанди Протоколи Истанбулӣ тартиб дода шудаанд, қувваи баланди ҳуқуқӣ доранд. Онҳо аз ҷониби судҳову мақомоти байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун асос барои тафтишот ва ҷалб намудани гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ хизмат мерасонанд.

Протоколи Истанбулӣ - ин дастурамали СММ оид ба тафтишот ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа буда, ҳамчун воситаи универсалӣ барои табибон, ҳуқуқшиносон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ эътироф шудааст. Он стандарти ягонаи байналмилалиро муқаррар мекунад, объективӣ ва пуррагии ҳуҷҷатгузориро таъмин месозад ва забони ягонаи далелҳоро, ки дар системаҳои гуногуни ҳуқуқӣ истифода мешаванд, эҷод менамояд.

Сабти тиббӣ дар мурофиаҳои судӣ, ки дар онҳо далелҳои шиканҷа талаб карда мешаванд, нақши муҳим мебозад.

Хулоса

Сабти тиббии осори шиканҷа мувофиқи Протоколи Истанбулӣ на танҳо тартиби тиббӣ, балки воситаи муассири ҳуқуқҳимоякунанда низ мебошад. Он имконияти оғози парвандаҳои ҷиноятӣ, гузаронидани тафтишоти объективӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани гунаҳкоронро таъмин менамояд.

Ёрии саривақтии тиббӣ ба нигоҳдошти далелҳо, ҳимояи шаъну шарафи ҷабрдида ва тақвияти механизмҳои мубориза бо шиканҷа мусоидат мекунад ва заминаи мустаҳкам барои адолату барқарорсозии ҳуқуқи инсон фароҳам меорад.

NotortureTj