Рӯзи ҳуқуқи инсон ва Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон

Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамасола дар саросари ҷаҳон 10-уми декабр таҷлил мегардад. Он ба санаи қабули яке аз муҳимтарин уҳдадориҳои ҷаҳонӣ дар дунё - Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи ҳар як инсонро, новобаста аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ ё дигар эътиқод, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, моликият ё дигар ҳолат эълон кард.

Эъломия аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ дар Париж 10-уми декабри соли 1948 қабул карда шуд. Дар Эъломия бори аввал ҳуқуқҳои асосии инсон, ки ҳимояи умумиро дар назар доранд, муайян карда шуданд.

Ҳамчун «ҳуҷҷате, ки принсипҳои онро ҳамаи халқҳо ва миллатҳо уҳдадоранд риоя кунанд», Эъломия намунаи ҷаҳонӣ барои қонунҳо ва сиёсатҳои байналмилалӣ, миллӣ ва маҳаллӣ ва асоси Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030 ба шумор меравад.

Эъломияро нисбат ба ҳама гуна ҳуҷҷатҳои дигари ҷаҳон бештар тарҷума мекунанд: матни он бо 577 забон мавҷуд аст.

www.un.org/ru/observances/human-rights-day