Оқибатҳои равонии шиканҷа: чӣ гуна ҷабрдида ва оилаи ӯро дастгирӣ кардан мумкин аст

Шиканҷа на танҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, балки осеби равонии амиқ ва аксар вақт бисёрсола низ боқӣ мегузорад. Дараҷаи вазнинии ин ҷиноят дар ҳамин аст. Моддаи 143(1)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиканҷа бо муайян сохтани он ҳамчун қасдан расонидани ранҷу азоби ҷисмонӣ ва/ё рӯҳӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад.

Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Шиканҷа қувваи ҷисмониро бо фишори равонии системавӣ муттаҳид мекунад. Он барои фишор ба иродаи инсон, вайрон сохтани эҳсоси назорат ва амният, эҷоди тарсу нотавонӣ равона мегардад. Зӯроварии аз сар гузаронидашуда аксар вақт боиси тағйироти пойдор дар тарзи дарки худ ва ҷаҳони атроф мегардад. Таҷрибаи осеббинӣ дар хотир ҷой мегирад ва метавонад ҳамчун хотираҳо, тасвирҳо, садоҳо ва эҳсосоти дахолаткунанда баргардад - гӯё ҳодиса аз нав рух медиҳад.

Яке аз оқибатҳои маъмултарин ихтилоли стресси пас аз осеб ба шумор меравад. Он дар флешбэкҳо, хобҳои даҳшатнок, изтироби зиёд, асабоният, вайроншавии хоб, карахтии эмотсионалӣ ва аз даст додани таваҷҷуҳ ба зиндагӣ зоҳир мегардад. Инсон метавонад аз дилхоҳ ёдрассозии осеб худро канора гирад, бегонашавӣ ва эҳсоси таҳдиди доимиро таҷриба намояд. Депрессия аксар вақт бо эҳсоси ноумедӣ, коҳиши энергия, аз даст додани маъно ва дарки манфии оянда ҳамроҳ мешавад. Ин ҳолатҳо метавонанд солҳо боқӣ монанд ва қобилияти инсонро барои зиндагии комил маҳдуд созанд.

Моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Барқарор кардани адолат ва ҳимояи ҷабрдидагон бидуни ҳуҷҷатгузории оқибатҳои шиканҷа ғайриимкон аст. Сухан дар бораи сабти касбии нишонаҳои ҷисмонӣ ва равонӣ, шиддат, давомнокӣ ва таъсири онҳо ба ҳаёти инсон меравад.

Ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби мутахассисон - равоншиносон ва рӯҳшиносон анҷом дода шуда, метавонад мусоҳибаи клиникиро дар бар гирад. Ин як суҳбати сохторӣ аст, ки ба арзёбии ҳолати рӯҳӣ, муайян намудани таҷрибаҳои осеббинӣ, шикоятҳои ҷорӣ ва захираҳои шахс равона карда мешавад. Чунин кор имкон медиҳад, ки амиқии беморӣ муайян ва усулҳои табобат интихоб гарданду дар ҳолати зарурӣ хулосаҳо дар равандҳои ҳуқуқӣ истифода бурда шаванд.

Ҳуҷҷатгузории оқибатҳо на танҳо барои расонидани кумак, балки барои ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсони гунаҳкор низ муҳим аст. Он ба баҳогузории объективии зарари расонидашуда мусоидат менамояд ва зарурати дастгирии тиббиву равониро тасдиқ мекунад. Моддаи 148-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи боздоштшудагон, маҳбусон ва маҳкумшудагонро ба гирифтани ёрии тиббӣ муқаррар мекунад. Моддаи 221-и ин Кодекс барои риоя накардани талаботи он ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

Кафолатҳои давлатӣ инчунин дар равандҳои судӣ-тиббӣ низ истифода мешаванд. Моддаи 35-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ" маҳдуд сохтани ҳуқуқ, фиреб, истифодаи зӯроварӣ ё таҳдид нисбати шахсе, ки аз муоина мегузарад, инчунин гузаронидани таҷриба ва озмоишҳоро манъ мекунад. Шахс ҳуқуқ дорад шарҳҳои марбут ба мавзуи муоинаро пешниҳод намояд.

Дастгирии ҷабрдида бояд маҷмуӣ бошад. Он ёрии тиббиро ҳангоми ҳама гуна бемориҳо, кори равонӣ, ки барои рафъи таҷрибаи осеббинӣ равона шудааст ва офиятбахшии иҷтимоӣ - бозгашт ба кор, таҳсил ва барқарор кардани робитаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.

Дастгирии ҳуқуқӣ ҳам хеле муҳим аст. Моддаи 21-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад: “Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад”. Ҷабрдида барои муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гирифтани ёрии ҳуқуқӣ, пешниҳоди ариза дар бораи ҷиноят ва дархост оид ба ҷуброни зарар ҳуқуқ дорад. Моддаи 16-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарари маънавиро дар ҳолатҳои расонидани азоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ пешбинӣ мекунад.

Дар ҳолати зарурӣ ба механизмҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ба мақомоте, ки дар доираи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, муроҷиат кардан мумкин аст.

Дар раванди барқароршавӣ оила нақши махсус мебозад. Дастгирии наздикон ба шахс кумак мекунад, ки дубора бехатарӣ ва қабул шуданашро эҳсос намояд. Ба шахси ҷабрдида бидуни доварӣ гӯш додан, аз айбдоркунӣ ва таассуб худдорӣ намудан ва нисбати вазъияти ӯ сабур будан муҳим аст. Иштироки муштарак дар машварат ва терапия эътимодро мустаҳкам месозад ва ба барқароршавии муошират мусоидат мекунад.

Дар як қатор ҳолатҳо фишор на танҳо ба ҷабрдида, балки ба наздикони ӯ низ расонида мешавад. Аз ин рӯ, тамоми оила метавонанд ба ҳимоя ниёз дошта бошанд. Фароҳам овардани фазои бехатар бар асоси эҳтиром ва дастгирӣ асоси бозгашт ба ҳаёти комиларзиш мегардад.

Оқибатҳои равонии шиканҷа - ин як озмоиши душвор ва тӯлонӣ мебошад. Эътирофи онҳо, ҳуҷҷатгузории касбӣ, дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дастгирии оила шартҳои калидии барқарор кардани шаъну шарафи инсон ва ҳимояи ҳуқуқҳои ӯ мебошанд.

NotortureTj