«Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо»: Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Риояи ҳуқуқи маҳкумшудагон самти афзалиятноки сиёсати пенитенсиарӣ ба шумор меравад. Маҳрум кардани шахс аз озодиҳояш асос барои кам кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ӯ нест. Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванд сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, инчунин доштан ё надоштани доғи судӣ ҳуқуқ ба ҳимояро кафолат медиҳад»,- зикр намуд муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Зубайдзода рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе зимни баромад дар конфронси «Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо».

Ба гуфтаи ӯ, ба низом даровардани масъалаҳои риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ашхоси адои ҷазокунанда, тарзу усулҳои асосии риояи онҳо, мушкилоти амалисозии қонунгузорӣ дар бораи вазъи ҳуқуқии маҳкумшудагон, боздоштшудагон, инчунин маҳбусон метавонад дар риояи ҳуқуқҳо кумаки ҷиддӣ расонад.

«Дар ду соли охир дар маҳбасҳои кишвар ягон мавриди шиканҷа нисбати маҳбусон ба қайд гирифта нашудааст. Дар биноҳои муассисаҳои пӯшидаи системаи СРИҶҶ камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд”,- гуфт Фахриддин Зубайдзода.

Конфронс аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии ҶТ бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Фонди Зигрид Раузинг ташкил карда шуд.

Ҳадафи асосии конфронс баррасии масъалаҳои мубрам дар самти мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон буд.

Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратураҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва васоити ахбори омма иштирок карданд.

NoTorture.Tj