Мониторинг: вобаста ба пешгирии шиканҷа чораҳо андешида шудаанд

Мониторинг[1]: вобаста ба пешгирии шиканҷа чораҳо андешида шудаанд

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Мувофиқи нишондоди гузориши ин мониторинг, вобаста ба иҷрои зербанди 4, банди 2-и нақша оид ба огоҳсозии ҷомеа дар мавриди далелҳои марбут ба дилхоҳ тафтиши тасдиқи истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар соли 2019 аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералӣ дар зиёда аз 30 идораю ташкилот, муассиса ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳри ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона вохӯриҳо гузаронида шуд. Ғайр аз ин, дар Прокуратураи генералӣ аз ҳисоби намояндагони Вазорати адлия, Суди Олӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, масъалаҳои номбурда мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Вобаста ба зербанди 1, банди 3-и нақша бошад, аз ҷониби Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба моддаи 143, эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуда, он аз 2-юми январи соли 2020 қабул гардидааст. Мувофиқи тағйироти мазкур ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи шиканҷа пурзӯр карда шудааст.

- Ҷиҳати иҷрои зербанди 2, банди 3-и нақша вобаста ба татбиқ накардани санадҳои авф, қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар робита бо созиш бо ҷабрдида, гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноятӣ ва дигар ҳолатҳо нисбати шахсоне, ки шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро истифода намудаанд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда шудааст. Баҳри иҷрои муқаррароти зербанди мазкур дар Прокуратураи генералӣ аз ҳисоби намояндагони Вазорати адлия, Суди Олӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуруҳи корӣ созмон дода шуда, масъалаҳои зикршуда мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Дар натиҷа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 72, 73, 75 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода карда шуда, ҷиҳати коркарди минбаъда ба гуруҳи корӣ, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №АП-129 аз 30-юми апрели соли 2019 оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст, пешниҳод карда шудааст,- омадааст дар гузориш.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

 

NoTorture.Tj