Мониторинг, адолат, дастгирӣ: Дастовардҳои Эътилофи зидди шиканҷа дар соли 2024

Дар соли 2024 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон фаъолиятҳои васеъмиқёси гуногунҷанбаро анҷом дод. Аз ҷумла, Эътилоф дар ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ фаъолона ширкат варзид: ташаббусҳои қонунгузориро пешбарӣ намуд, барои ба роҳ мондани системаи омодагии касбии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ кўшиш кард ва дар ин сол бо СРИҶҶ Вазорати адлия Ёддошти муҳими ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Кори амалии Эътилоф ба таври назаррас пурзӯр гардид: ҳуҷҷатгузории 17 ҳолати шиканҷа, гузаронидани 19 мониторинги судӣ, расонидани офиятбахшӣ ба 27 нафар ҷабрдидагон ва оилаҳои онҳо, аз ҷумла 17 мард ва 10 зан, ки 4 нафарашон ноболиғ буданд.

Ба шарофати мурофиаҳои судии стратегӣ ба даст овардани натиҷаҳои воқеӣ имконпазир гардид: чаҳор корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, дар чанд парванда суд товони зарари маънавиро эътироф карда, айбдоршавандагонро барои пардохти ҷуброн вазифадор намуд. Гарчанде мурофиаҳои судӣ баъзан тӯлонӣ ва ҷубронпулӣ нокифоя аст, ин нишонаҳо таҷрибаи нави ҳуқуқиро ташаккул медиҳанд.

Кулминатсияи сол аввалин дастрасии Эътилоф ба муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида аз соли 2004 буд - 16 боздиди мониторингӣ гузаронида шуд. Ин боздидҳо як қадами таъсирбахш дар самти шаффофият дар системаи пенитенсиарӣ буданд. Гузориши муфассал, матолиби нашршуда ва рӯнамоӣ омода гардидааст, ки он дар соли 2025 бо даъвати ҳам сохторҳои ҳукуматӣ ва ҳам байналмилалӣ муаррифӣ мешавад.

Платформаи иттилоотию таҳлилии Эътилоф - сомонаи notorturetj.org барои ВАО, мутахассисон ва ҷомеа як манбаи бемисл ва бонуфуз боқӣ мемонад. Давоми як сол дар он 849 маводи таҳлилӣ, хусусияти ҳуҷҷатгузориву ҳуқуқҳимоякунӣ дошта ҷой дода шуда, Медиа-стратегия то соли 2030 тасдиқ карда шуд, ки ба низомнокӣ ва устувории маъракаи иттилоотӣ мусоидат менамояд.

Эътилоф дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки фаъолонаи худ дар муколамаҳои ҳуқуқи инсон бо ИА, САҲА, СММ ва созмонҳои пешбари ҳуқуқи инсон баромад кард. Иштирок дар Муколамаи ИА - Тоҷикистон, омода кардани саволҳо ба кумитаҳои СММ ва дигар чорабиниҳо, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба мушкилоти ҳимоятгарони ҳуқуқ дар Тоҷикистон ҷалб намуданд, аҳамияти хосса пайдо карданд.

Эътилоф ҳамчунин силсилаи чорабиниҳои омӯзиширо доир намуд: тренингҳо оид ба ҷуброни зарари маънавӣ ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа баргузор кард, барои адвокатҳо дастури амалӣ нашр намуд, барои машваратчиёни халқӣ тренингҳо гузаронид ва дар якҷоягӣ бо Хадамоти пенитенсиарӣ нақшаи ислоҳот барои солҳои 2024-2025, аз ҷумла стандартҳои нигоҳдории маҳбусон, ҳолати санитарӣ ва дастрасӣ ба ёрии тиббиро таҳия намуд. Ин иқдомҳо барои пешбурди мунтазами ҳуқуқи инсон ва озодӣ аз шиканҷа дар кишвар заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

 

NotortureTj