Мастер-классҳо, озмунҳо ва викторинаҳо барои ҷавонон ва занони ш.Душанбе ва вилояти Суғд

Дар доираи маъракаи “Аз шиканҷа ва беҷазоӣ даст кашед!”, ки ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа бахшида шудааст ва ҳамасола санаи 26-уми июн ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мастер-классҳо, озмунҳо ва викторинаҳо бо иштироки тақрибан 200 нафар намояндагон аз сафи ҷавонон ва занон баргузор гардиданд.

Мақсади баргузор намудани чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонони Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, дар бораи принсипҳои миллӣ ва байналмилалии раҳоӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона мебошад.

Санаи 5 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе, дар қаҳвахонаи “PARKING” мастер-класс дар мавзӯи раҳоӣ аз шиканҷа ташкил карда шуд.

6 июни соли 2022 дар шаҳри Панҷакент ва 8 июни соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд дар гӯшаи Амрикоӣ оид ба мавзӯи озодӣ аз шиканҷа ҷаласаҳои иттилоотӣ ташкил карда шуда, баъд аз он барои ҷавонон ва занон дар шакли онлайн викторина (Quiz дар платформаи Kahoot) гузаронида шуд. Дар викторина саволҳо оид ба ҳуқуқи инсон, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ҳуқуқ ба озод будан аз шиканҷа ва ғайра иборат буд. Ба ғолибони викторина онлайн тӯҳфаҳои арзишманд (наушникҳои бесим, флеш-дискҳои USB ва дастгоҳҳои Power bank) супурда шуданд. 

Гузаронидани чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Тақвияти пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо\Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон имконпазир гардид.