Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
30-юми июни соли 2025 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа (ҳамасола 26-уми июн таҷлил мегардад) ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар маҳалҳои шаҳри Душанбе машварати сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба сокинони пойтахт ва суҳбат дар бораи механизмҳои датраси ҳифзи ҳуқуқи инсон, бахусус дар ҳолатҳои шиканҷа, муносибати бераҳмона ва дигар шаклҳои худсарӣ буд.
Давоми якчанд соат адвокатҳо ба 11 нафар машварат доданд. Шаҳрвандон ба масъалаҳои дорои хусусияти ҷиноятӣ, гражданӣ ва андозӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Хусусан муроҷиатҳои марбут ба мавзӯи шиканҷа ва нақзи ҳуқуқ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ зиёд буданд. Инҳо чанд савол аз он ҷумлаанд: Оё қурбонии шиканҷа ҳуқуқ ба ҷубронро дорад ва кӣ онро пардохт мекунад? Агар шиканҷа дар СИЗО ё колония истифода шуда бошад, ба куҷо бояд муроҷиат кард? Оё дар Тоҷикистон адвокатҳое ҳастанд, ки ҳуқуқи қурбониёни шиканҷаро ҳимоя намоянд? Оё нисбати амали кормандони милитсия ё маъмурияти маҳбас ба суд шикоят кардан мумкин аст? Пас аз зӯроварӣ аз ҷониби сохторҳои қудратӣ чӣ гуна ёрии равонӣ дарёфт кардан мумкин аст? Чӣ бояд кард, агар мақомоти маҳаллӣ шикоятҳоро нодида гиранд - оё ба зинаҳои байналмилалӣ, масалан СММ муроҷиат кардан мумкин аст? Оё хешовандон ҳақ доранд бидонанд, ки боздоштшуда дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад?
Масъалаҳои қонунгузории андоз низ аз мадди назар дур намонданд - аз ҷумла, андозбандӣ барои соҳибкорони инфиродӣ ва онҳое, ки дар Тоҷикистон дар назди корфармоёни хориҷӣ кор мекунанд.