Машваратҳои ҳуқуқии сайёр

Дар доираи маъракаи “ Аз шиканҷа ва беҷазоӣ даст кашед!”, ки ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа бахшида шудааст ва ҳамасола санаи 26 июн ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд қабулгоҳҳои ҳуқуқии сайёр амал менамуданд. Ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилоф ба зиёда аз 100 нафар муроҷиаткунандагон дар маҳалҳо ёрии ҳуқуқии ройгон расониданд.

Санаи 24 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ҳуқуқшиносон Азизҷон Бобоев аз ТҶ “Олами ҳуқуқ” ва Абдураҳмон Шарипов аз ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошанд, машваратҳо дода шуданд;

Санаи 28 майи соли 2022 дар шаҳри Бохтар - аз ҷониби аъзоёни Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони филиали маҳаллии Эътилофи адвокатҳои ҶТ Назокат Маҳмадалиева и Иброҳим Каримов машваратҳои дода шуданд;

Санаҳои 06 июни соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд ва 08 июни соли 2022 дар шаҳри Панҷакент - аз ҷониби ҳуқуқшиносон Хуршеда Раҳимова ва Фахриддин Фузайлов, ТҶ “Ибтидо”, ки ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошанд, машваратҳо дода шуданд; 

Аз ҷониби ҳуқуқшиносони Эътилоф аз соати 10:00 то 12:00 оид ба тамоми масъалаҳои ҳуқуқи инсон барои аҳолӣ машваратҳои ройгон дода шуданд. Шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гуногун - дар бораи тартиби сабти ақди никоҳ ва бекор кардани ақди никоҳ, дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, дар бораи таъин намудани нафақа, дар бораи ҳуқуқи кӯдаконе, ки падару модарашон аз ҳам ҷудо шудаанд, дар бораи масъалаҳои манзил ва ғайра пурсон мешуданд.

“Чунин машваратҳо хеле муҳиманд, онҳо барои чунин гурӯҳи аҳолӣ, ки имконияти пардохт намудани хизматрасониҳои ҳуқуқиро надоранд, дастрас ва ройгон мебошанд”, - изҳор намуд Мукаррам, сокини пойтахт.

“Ба он саволе, ки дер боз ҷавоб меҷустам, ҷавоб гирифтам. Он оид ба масъалаи манзил буд. Ба ҳуқуқшиносоне, ки дар ин маъракаи ройгон ширкат варзиданд, миннатдории худро баён мекунам. Ҳоло ман медонам, ки чӣ тавр амал кунам ва худро муҳофизат намоям”, - мегӯяд Зарина, сокини шаҳри Душанбе.  

Гузаронидани чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Тақвияти пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо\Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон имконпазир гардид.