Машваратҳо: равонӣ, тиббӣ ва ҳуқуқӣ

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва маъракаи байналмилалии "16 рӯз зидди зӯроварии гендерӣ" Фонди ҷамъиятии “Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон» маҷмуи машваратҳоро гузаронид, ки ба дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқу некӯаҳволии шаҳрвандон нигаронида шуда буданд.

Дар рафти ин ташаббус ба онҳое, ки барои кумак муроҷиат намуданд, машваратҳои равонӣ, ҳуқуқӣ ва тиббӣ пешниҳод карда шуд. Дар маҷмуъ, мутахассисони фонд беш аз 30 машварати равонӣ, 10 машварати ҳуқуқӣ ва 10 машварати тиббӣ пешниҳод намуданд.

Машваратҳо ба таври инфиродӣ ва бо риояи принсипҳои ахлоқи касбӣ, махфият ва эҳтиром ба маълумоти шахсии иштирокчиён гузаронида шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба фароҳам овардани муҳити бехатар ва боэътимод барои баррасии масъалаҳои ҳассос, аз ҷумла зӯроварии гендерӣ ва саломатии равониву ҷисмонӣ зоҳир карда шуд.

Чорабиниҳои гузаронидашуда ба баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқӣ, тақвияти устувории равонӣ ва васеъ сохтани дастрасӣ ба ёрии тиббӣ дар байни шаҳрвандони барои кумак муроҷиатнамуда мусоидат карданд, ки бо ҳадафҳо ва арзишҳои Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, маъракаи "16 рӯз зидди зӯроварии гендерӣ" ва фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ мувофиқ аст.

NotortureTj