Маҳбусони якумрӣ

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсиламатолибро дар бораи Мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Кумитаи зидди шиканҷа дар мавриди шароити маҳдудкунанда ва махсусан сахти нигоҳдории шахсони ба ҳабси якумрӣ маҳкумшуда, аз ҷумла нигоҳдорӣ дар муассисаҳои ҳабси пешакӣ бо имкониятҳои хеле маҳдуди тамос бо муҳити беруна изҳори нигаронӣ кард.

Кумита тавсия дод, ки ба чунин маҳбусон имкон дода шавад, то берун аз камераҳо барои нигоҳ доштани қобилиятҳои зеҳнӣ ва малакаҳои иҷтимоии худ ба фаъолиятҳои муфид машғул шаванд, чораҳо барои ҳамгироии онҳо бо аҳолии умумӣ баррасӣ гардад, инчунин низоми махсуси нигоҳдории онҳо аз нав дида баромада ва ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тағйироти дахлдор ворид карда шавад.

Татбиқи ин тавсияҳо ба риояи ҳуқуқи инсон ва сабук кардани шароити аз ҳад зиёд сахти нигоҳдории маҳбусони якумрӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

NotortureTj