Куштори шахси гирифтори шиканҷа

Иқтибос

аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»

(Қисми 8). Дар сурате, агар куштори шахси гирифтори шиканҷа бо мақсади рўйпўш намудани расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва ё рўҳӣ содир шуда бошад, он гоҳ чунин ҳаракат бояд дар маҷмўъ бо моддаи 1431 ва банди «л» қисми 2-и моддаи 104 КҶ, яъне ҳамчун шиканҷа ва одамкушӣ бо мақсади рўйпўш намудани ҷинояти дигар банду баст карда шавад.

Агар дар натиҷаи шиканҷа ҷабрдида ба ҳолати оҷизӣ оварда, сипас ба марг расонида шуда бошад, куштори чунин шахс бояд илова бо банди «в» қисми 2-и моддаи 104 КҶ ҳамчун куштани шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор баръало аён аст, банду баст карда шавад.

Агар дар ҷараёни шиканҷа нисбати шахс таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ифода гардида бошад ва ҷабрдида асоси воқеии чунин таҳдидро ҳис намояд, он гоҳ чунин ҳаракат дар маҷмўъ бо моддаи 120 КҶ, яъне таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ банду баст карда намешавад.

NotortureTj