Курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар муассисаи ислоҳӣ барои ноболиғон

Аз 9-уми июни соли 2025 дар муассисаи ислоҳӣ барои ноболиғон ЯС 3/12-и СРИҶҶ ВА ҶТ дар шаҳри Душанбе курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ оғоз гардиданд.

Дар доираи барномаҳо ду самти омӯзишӣ - “нонпазӣ” ва “корҳои шкатур” ба роҳ монда шуданд. Омӯзиш барои як моҳ пешбинӣ гардида, ба ташаккули малакаҳои кори амалии наврасон, ки барои мутобиқшавии минбаъдаи иҷтимоӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеа пас аз озодшавӣ заруранд, равона карда шудааст.

Машғулиятҳо аз ҷониби мутахассисони соҳибихтисос бо назардошти хоҳиши худи омӯзишгирандагон гузаронида мешаванд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа байни МД «Маркази рушди истеъдодҳо ва малакаҳои касбии муосир», СРИҶҶ ва иҷрокунандаи лоиҳа, ки ташкил ва гузаронидани курсҳои касбомӯзӣ барои ноболиғонро зери назар дорад, созишномаи сеҷониба оид ба ҳамкорӣ омода карда шуд.

Курси мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқҳои асосӣ: таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти маҳбасҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва созмони фаронсавии «Prison Insider» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, оғоз шуд.

 

Фонди ҷамъиятии "Ташаббуси ҳуқуқӣ", узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон