Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ тадбирҳои алоҳидаеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи гурезаҳо, паноҳҷӯён ва шахсони бешаҳрванд андешидааст, мусбат арзёбӣ намуд. Ҳамзамон Кумита тавсия дод, ки кафолатҳои риояи принсипи манъи бозгардонӣ тақвият дода шуда, татбиқи қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқистифодабарӣ идома ёбад: https://tbinternet.ohchr.org/_layouts/15/treatybodyexternal/Download.aspx?symbolno=CAT%2FC%2FTJK%2FCO%2F4&Lang=en
Ҳимояи гурезаҳо, паноҳҷӯён ва шахсони бешаҳрванд яке аз самтҳои калидии системаи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Ҳуқуқи байналмилалӣ давлатҳоро уҳдадор месозад, ки ҳимояи ин гурӯҳи шахсонро аз шиканҷа, таъқиб ва бозгардонии маҷбурӣ ба кишварҳое, ки онҷо ба ҳаёту озодии онҳо хатар таҳдид мекунад, таъмин намоянд.
Яке аз кафолатҳои асосии байналмилалӣ принсипи манъи бозгардонӣ мебошад, ки дар моддаи 3-и Конвенсияи зидди шиканҷа муқаррар гардидааст. Тибқи ин принсип, давлат ҳуқуқ надорад шахсро ба кишваре баргардонад, ихроҷ ё истирдод намояд, агар асосҳои ҷиддӣ барои эҳтимоли хатари истифодаи шиканҷа нисбати ӯ дар онҷо вуҷуд дошта бошанд. Кафолати ҳаммонанд инчунин дар моддаи 33-и Конвенсияи соли 1951 дар бораи мақоми гурезаҳо пешбинӣ гардидааст, ки бозгардонии маҷбурии гурезаҳоро ба давлате, ки онҷо ба ҳаёт ё озодии онҳо хатар таҳдид менамояд, манъ мекунад.
Кумита татбиқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»-ро, ки ҳуқуқи шахсони паноҳҷӯро барои пешниҳоди дархост ҷиҳати эътироф шудан ба ҳайси гуреза, аз ҷумла дар ҳолати маҷбуран ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади давлатӣ пешбинӣ мекунад, мусбат арзёбӣ намуд. Аз ҷавобгарӣ озод гардидани чунин шахсон барои ғайриқонунӣ ворид шудан ё будубош ба кафолатҳои моддаи 31-и Конвенсияи соли 1951 дар бораи мақоми гурезаҳо мутобиқат мекунад.
Дар қатори дастовардҳои мусбат Кумита инчунин зикр намуд, ки аз соли 2022 инҷониб нисбати паноҳҷӯён барои ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади давлатӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда нашудаанд. Ҳамзамон, дастрасии гурезаҳо, бахусус онҳое, ки аз Афғонистон омадаанд, ба таҳсил, хизматрасонии тиббӣ ва шуғл таъмин гардидааст.
Ғайр аз ин, Кумита аз тадбирҳои пешгирии бешаҳрвандӣ, аз ҷумла татбиқи қонунгузорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ истиқбол намуд. Аз соли 2025 дар Тоҷикистон таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» амал мекунад, ки ба татбиқи системаи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва пешбурди феҳристи давлатӣ равона шудааст.
Ҳамзамон, Кумита ба зарурати таҳкими минбаъдаи кафолатҳои ҳимояи гурезаҳо ва паноҳҷӯён ишора намуд. Аз ҷумла, тавсия дода шуд, ки мониторинги мустақил дар сарҳади давлатӣ таъмин гардад, дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқӣ ва хизматрасонии тарҷумонҳо кафолат дода шавад, маҳдудиятҳои вобаста ба маҳали истиқомат, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №325 муқаррар шудаанд, бозбинӣ гарданд, системаи маҷмуии ҳимояи шахсони бешаҳрванд таъсис дода шавад, инчунин механизмҳои муайянсозии шахсоне дар миёни гурезаҳо ва паноҳҷӯён, ки шиканҷаро аз сар гузаронидаанд, тақвият дода шаванд.
Тавсияҳои Кумита аз зарурати татбиқи минбаъдаи механизмҳои қонунгузорӣ ва институтсионалӣ, ки ба таъмини принсипи манъи бозгардонӣ, дастрасии самаранок ба расмиёти пешниҳоди паноҳгоҳ ва ҳимояи шахсони ниёзманд ба ҳимояи байналмилалӣ равона гардидаанд, шаҳодат медиҳад. Ин тадбирҳо махсусан барои пешгирии бозгардонидани шахсон ба давлатҳое, ки дар онҷо онҳо метавонанд ба шиканҷа ё дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф дучор гарданд, аҳамияти хоса доранд.