Конфронси илмӣ-амалӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

9-уми декабри соли ҷорӣ дар факултаи “Таърих ва ҳуқуқ”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров конфронси илмӣ - амалии “Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар ташаккули низоми муосири ҳуқуқи инсон ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар татбиқи талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ дар кишвар” баргузор гардид.

Чорабиниро декани факулта, дотсент Гулсара Латифӣ ифтитоҳ ва иштирокдоронро бо меҳмонону барномаи конфронс шинос намуда, бо маърӯза дар мавзуи “Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар ташаккули низоми муосири ҳуқуқи инсон” баромад кард.

Сипас, сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров - Олимҷонов М. дар бораи ҳадаф ва моҳияти ин гуна чорабиниҳо сухан гуфт.

Дар идома директори иҷроияи ТҶ “Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсент Ҳамидов Н. А. дар мавзуи “Ҳадаф ва моҳияти фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа” ва мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ Ҷабборзода И. дар мавзуи “Устувонаи Куруши Кабир ва аҳамияти таърихиву маънавии он” бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Дар интиҳои чорабинӣ суолу ҷавоб сурат гирифта, донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда ба даст оварданд.

 

 

ТҶ "Машваратчиени ҳуқуқии ҶТ"