Article Pages

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корманди муассисаи ислоҳии Я/С 3/1-и шаҳри Душанбе Маҳмуд Исмоиловро, ки дар парвандаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода гунаҳкор эътироф шуд, ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба ОИ адвокати ҷониби ҷабрдида хабар дод, тамоми далелҳои ба суд пешниҳодгардида мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифта ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шуд. Аммо...

29.05.2013 - 18:49

Иван Шимонович, ёвари Дабири кулли СММ рӯзи чаҳоршанбе аз яке аз маҳбасҳои пойтахти Тоҷикистон дидан кард. Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон берун аз барномаи сафари худ ғайримунтазира пешниҳод кардааст, ки аз маҳбасҳои Тоҷикистон дидан кунад. Одинашоҳ Муродов, сӯхангӯи раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ба «Озодӣ» гуфт,...

23.05.2013 - 12:03

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ рӯзи 22-юми май Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон Иван Шимоновичро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои торнамои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, иҷрои тавсияҳои абзорҳои СММ роҷеъ ба...

23.05.2013 - 11:49

Наздикони бархе аз маҳбусон тасмим доранд дар эътироз ба шиканҷа дар зиндонҳои кишвар, роҳпаймоӣ намоянд. Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев, маҳбуси зиндони Хуҷанд рӯзи 22-юми май ба "Озодӣ" гуфт, ки тасмим гирифтааст ҳамроҳ бо хешовандонаш ва  наздикони маҳбусони дигаре, ки мавриди шиканҷаву азият қарор гирифтаанд, аз маркази ноҳияи Ҳисор ба нишони эътироз то пойтахт роҳпаймоӣ...

22.05.2013 - 12:55

Субҳи имрӯз, 20-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатии Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлия (СИЗО №1)-и шаҳри Душанбе баррасии парвандаи марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-сола, ки тирамоҳи соли гузашта вафот карда буд, оғоз гардид. Мурофиа дар бинои боздоштгоҳ, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт воқеъ аст, соати 10 сар шуда, бо иштироки ду вакили дифоъ - Гулчеҳра Холматова, Файзи Олим ва...

20.05.2013 - 13:24

Имрӯз, 15-уми май, таҳти пофишори пайвандони Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтид, баррасии додгоҳии марги марҳум ба рӯзи душанбеи 20-уми май гузошта шуд. Додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, имрӯз бо вуҷуди кушода эълон шудани мурофиаи додгоҳии марги Ҳамза Икромзода, ба намояндагони васоити ахбори омма ва масъулини Созмони милали муттаҳид...

15.05.2013 - 14:36

Нисбати афсари Кумитаи амнияти миллӣ дар мавриди ҳамзистияш бо духтари ноболиғ дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон тафтишоти хидматӣ оғоз шуда, айни ҳол ҷараён дорад.  Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” директори “Ассосиатсия ҳуқуқшиносҳои Помир”, Манучеҳр Холиқназаров иттилоъ дод.  Холиқназаров афзуд, ки ин қазия таҳти пайгирии ҳуқуқшиносони созмонашон қарор дорад ва дар...

13.05.2013 - 13:33

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 10 май, Шерик Карамхудоевро ба 14 соли зиндон ва Димон Ашӯровро 12 сол маҳкум кард. Вакилони дифоъи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбат ба зерҳимояҳояшонро ғайриқонунӣ ва ноодилона арзёбӣ карданд. Шӯҳрат Қудратов - вакили дифои Димон Ашӯров рӯзи 10 май ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ ин ҳукмро бидуни ширкати вакилони...

10.05.2013 - 15:30

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мавриди пардохти ҷуброн ба наздикони Сафаралӣ Сангов ҳанӯз хомӯш аст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳанӯз вазорат тасмим нагирифтааст, ки маблағи мушаххаскардаи додгоҳ дар мавриди ҷуброни зиёни маънавии хонаводаи Сафаралӣ Санговро пардозад.    Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми май...

08.05.2013 - 17:51

Мурофиаи судии гумонбар дар қазияи марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе, ки мебоист имрӯз, 6-уми май баргузор мешуд, то 15-уми ҳамин моҳ ба таваққуф гузошта шуд. Рустам Мирзоев, судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мурофиаи судии Маҳмуд Исмоилов, корманди маҳбасро, ки шаби марги Ҳамза Икромзода навбатдор буда, дар ин қазия гумонбари ягона маҳсуб мешавад, бино ба...

06.05.2013 - 13:27

Страницы