Article Pages

Аз 30 июн то 2 июл дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Конгресси нуҳуми ҷаҳонӣ зидди ҷазои қатл доир гардид, ки дар кори он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок намуд. Тавре аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конгресс дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ, гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ пас аз боздоштани ҷазои қатл...

03.07.2026 - 14:55

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки ба як қурбонии шиканҷа 10 ҳазор сомонӣ ё қариб 1100 доллар ҷуброн пардозад. Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 18-уми июн содир шудааст. Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Неъматҷон Ашӯрматов гуфтааст, аз ҳукм розӣ нестанд ва ба додгоҳи болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Холматова дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, "...

28.06.2026 - 09:35

Ҳамватанони гиромӣ! Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шуморо самимона бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик менамояд! Ин ҷашн рамзи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамбастагии ҷомеа мебошад. Эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахс, волоияти қонун ва адолат заминаи муҳими ваҳдат ва рушди устувори ҷомеа мебошанд. Ба ҳамаи сокинони...

26.06.2026 - 16:59

Имрӯз, дар Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа механизмҳои зидди шиканҷаи СММ ба як масъалаи муҳим, вале аксар вақт нодида гирифташуда таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд: хатарҳои махсуси шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ки занону духтарони аз озодӣ маҳрумгардида бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ин рӯз, яъне 26-уми июн аҳамияти хоса дорад. Соли 2026 аз эътибор пайдо кардани Протоколи факултативӣ ба...

26.06.2026 - 11:48

Дар доираи маъракаи иттилоотӣ оид ба таҳкими механизмҳои пешгирии шиканҷа ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мо як силсила маводи иттилоотиро омода намудем, ки ба шумо барои дарёфти маълумот дар бораи масъалаҳои зерин кӯмак мерасонанд: • чӣ амалҳо ҳамчун шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳисобида мешаванд; • кадом ҳуқуқҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудаанд; • барои ҳифзи ҳуқуқҳои...

26.06.2026 - 11:34

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъвои Неъматҷон Ашӯрматов, як қурбонии шиканҷаро, ки зидди Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон бо талаби дарёфти 280 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиён шикоят бурд, қисман қонеъ кардааст. Додрас ВКД-ро ба пардохти 10 ҳазор сомонӣ зарар уҳдадор кардааст. Неъматҷон Ашӯрматов ду сол пеш бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд....

26.06.2026 - 11:15

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Шарти инсондӯстӣ ҳангоми иҷрои ҷазо дар чӣ зоҳир мешавад? ПОСУХ: Дар раванди иҷрои ҷазо нисбати маҳкумшуда танҳо маҳдудиятҳои зарурӣ ва кофии ҳуқуқҳои ӯ татбиқ карда мешаванд. Дучор кардани ӯ ба шиканҷа, муносибати бераҳмона ё...

25.06.2026 - 08:21

Шахсоне, ки мувофиқи моддаи 143¹ Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон («Шиканҷа») ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида ё маҳкум шудаанд, аз рӯйи қоидаи умумӣ, нисбаташон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв», ки 16-уми июни соли 2026 ба имзо расид, татбиқ намегардад. Муаллифони таҳлили ҳуқуқии қонуни нави афв ба чунин хулоса омадаанд. Тавре дар ҳуҷҷат зикр мегардад, моддаи 143¹ КҶ ҶТ ба рӯйхати ҷиноятҳое...

23.06.2026 - 15:55

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Ҳангоми интихоби чораи пешгирикунанда дар намуди ҳабси пешакӣ суд кадом меъёрҳоро ба назар мегирад? ПОСУХ: Ҳабси пешакӣ ҳамчун чораи пешгирикунанда бо қарори суд нисбати гумонбар, айбдоршаванда ё судшаванда дар парвандаҳои марбут ба...

22.06.2026 - 14:14

19-уми марти соли 2026 шаҳрванд Неъматҷон Ашӯрматов, ки дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидааст, ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо даъво нисбати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷуброни зарар ба маблағи 280 000 сомонӣ муроҷиат кард. Ёдовар мешавем, ки 22-юми феврали соли 2024 Неъматҷон Ашӯрматов аз ҷониби кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ...

19.06.2026 - 10:38

Страницы