Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Кӣ бояд ҷуброн пардозад?
ПОСУХ: Азбаски субъекти шиканҷа шахси мансабдоре мебошад, ки аз номи давлат амал карда, амалаш шиканҷа тасниф шуда, ба саломатӣ ва ҳаёти ҷабрдида зарар расонидааст - аз ин рӯ, ҷубронпулӣ аз ҷониби давлат дар шахси мақоми давлатие, ки корманди он «расонанда»-и шиканҷа маҳсуб меёбад, пардохта мешавад. Масъулият барои амали шахсони мансабдоре, ки шиканҷа содир кардаанд, дар қисми 3-и моддаи 4 пешбинӣ гардида, уҳдадории пардохти ҷуброн, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ пешбинӣ шудааст, комилан ба дӯши давлат аст.
Ҳуҷҷати асосӣ моддаи 14-и Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ба шумор меравад. Дар он гуфта мешавад, ки ҳар як давлати узв вазифадор аст дар системаи ҳуқуқии худ ҳуқуқи қурбонии шиканҷаро ба ҷуброни одилона ва мувофиқ, аз ҷумла воситаҳои ҳарчи бештари офиятбахшӣ таъмин намояд. Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар шарҳҳои худ таъкид мекунад, ки давлат наметавонад ҳатто бо ишора ба маҳдудиятҳои буҷетӣ аз ин уҳдадорӣ даст кашад.
Судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвоҳоро оид ба ҷуброни зарари маънавии дар натиҷаи шиканҷа расонидашуда тибқи қонунгузории мурофиавии гражданӣ баррасӣ мекунанд. Дар ин маврид судҳо вазифадоранд, ки ҳангоми муайян намудани ҳаҷми ҷуброн оқилӣ ва адолатро ба назар гиранд. Ҳарчанд дар амал душвориҳо, аз ҷумла кӯшиши ба зиммаи гунаҳкорони мушаххас гузоштани масъулият ба миён омада метавонанд, стандартҳои байналмилалӣ талаб мекунанд, ки махсусан давлат барои амалҳои мансабдорони худ бояд масъулият дошта бошад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj