Ҳолатҳои фавт дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мулоҳизаҳои ҷамъбастии худро пас аз баррасии гузориши даврии чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа нашр кард.

Гузориши Тоҷикистон дар ҷаласаҳои 2238 ва 2241-уми Кумита, ки 14 ва 15-уми апрели соли 2026 баргузор шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ 27-уми апрели соли 2026 дар ҷаласаи 2256-уми Кумита қабул гардиданд.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ аз набудани маълумоти ҳамаҷониба оид ба ҳолатҳои фавт дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс бо ҷудокунӣ аз рӯйи ҷойи нигоҳдорӣ ва сабабҳои марг, аз ҷумла ҳолатҳои марги зӯроварона ва худкушӣ изҳори нигаронӣ намуд. Ин масъала махсусан дар пасманзари хабарҳои оммавӣ дар бораи чандин ошӯб ва дигар ҳодисаҳои хушунатомез дар муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ боиси нигаронии ҷиддӣ аст.

Сарфи назар аз маълумоти пешниҳодкардаи давлат дар бораи тартиби муайян намудани сабабҳои марг, протоколҳои ташхиси судӣ-тиббӣ ва омори фавт вобаста ба вазъи саломатӣ дар ҷойҳои нигоҳдорӣ, Кумита нокифоя будани маълумоти пурра ва системавиро оид ба ин масъалаҳо зикр мекунад.

Нигаронии махсусро хабарҳо дар бораи ҳолатҳои фавт дар муассисаҳои нигоҳдории мақомоти корҳои дохилӣ ба вуҷуд меоранд, ки тибқи иддаоҳо бо шиканҷа ё муносибати бераҳмона, маҷбур намудани шахсон ба додани нишондоди худиқрорӣ, инчунин рад кардани расонидани ёрии тиббӣ дар муассисаҳои пенитенсиарӣ алоқаманд будаанд. Кумита ҳамчунин аз набудани тафтишоти муассир ва шарҳи ҳамаҷонибаи сабабҳои чунин ҳолатҳои фавт нигарон аст.

Ба ғайр аз ин, Кумита қайд мекунад, ки институти ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти идораи давлат қарор дорад, ки ин мушкилотро оид ба мустақилияти ҳуҷҷатгузории судӣ-тиббӣ ва тафтиши чунин ҳолатҳо ба миён меорад. Кумита аз нақшаҳои таъсиси як муассисаи мустақили судӣ-тиббӣ дар доираи Нақшаи амалҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон истиқбол мекунад, вале изҳори таассуф менамояд, ки то имрӯз чунин ниҳод таъсис дода нашудааст ва барои мутахассисони дахлдор омӯзиши мунтазам оид ба Протоколи Миннесота дар бораи таҳқиқи ҳолатҳои эҳтимолии марги ғайриқонунӣ гузаронида намешавад.

Тавсияҳо

Кумита ба давлат тавсия медиҳад:

- таъмин намояд, ки ҳамаи ҳолатҳои фавт дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс фавран ва беғаразона аз ҷониби мақоми мустақил тафтиш карда шаванд, аз ҷумла тавассути гузаронидани ташхисҳои мустақили судӣ-тиббӣ бо дарназардошти талаботи Протоколи Миннесота ва дар ҳолати зарурӣ чораҳои дахлдори ҷавобгарӣ татбиқ гарданд;

- ҷиҳати таъсиси муассисаи мустақили судӣ-тиббӣ, ки ташхисҳои судӣ-тиббӣ, аз ҷумла оид ба парвандаҳои фавт дар ҷойҳои нигоҳдориро анҷом диҳад, талошҳоро тақвият бахшад;

- омӯзиши ҳатмии ибтидоӣ ва минбаъдаи коршиносони судӣ-тиббӣ, кормандони тиббиву ҳуқуқӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва прокуратураро оид ба татбиқи Протоколи Миннесота ҷорӣ намояд;

- стратегияҳо ва барномаҳои пешгирии худкушӣ, худосебрасонӣ ва хушунат миёни маҳкумшудагонро таҳия карда, инчунин чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла омодасозии мунтазами кормандони муассисаҳои пенитенсиариро оид ба пешгирии зӯроварӣ миёни маҳкумшудагон, ошкорсозии барвақтии хавфҳо ва идоракунии дурусти бехатарии динамикӣ роҳандозӣ намояд;

- маълумоти муфассалро оид ба ҳамаи ҳодисаҳои хушунатомез ва ҳолатҳои фавт дар тамоми ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс, сабабҳои онҳо, натиҷаҳои тафтишоти ба парвандаҳои ҷиноятӣ алоқаманд ва ҷазои шахсони гунаҳкор ҷамъовариву пешниҳод намояд;

- маълумоти расмиро оид ба ҳолатҳои фавт ва натиҷаҳои тафтишот бо риояи талаботи махфияти маълумоти ҳассос ва шахсӣ нашр намояд.

Матлаб дар доираи маъракаи иттилоотӣ бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа таҳия шудааст. Чорабинии мазкур ба боло бурдани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон, механизмҳои мавҷудаи ҳимоя аз шиканҷа ва имкониятҳои дастрас намудани ёрии ҳуқуқӣ барои ҷабрдидагон равона гардидааст.

NotortureTj