Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳимояи ҳуқуқҳои шахсӣ дар муассисаҳои пӯшидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риояи тавозун байни талаботи низом ва меъёрҳои байналмилалии инсондӯстӣ асос ёфтааст. Асосҳои ҳуқуқӣ аз қонунҳои миллӣ - Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ, Қонун «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштан», Қонун «Дар бораи мақомоти прокуратура», Қонун «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», инчунин Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ иборатанд.
Муайянсозии шиканҷа ва манъи мутлақ
Мувофиқи моддаи 2-и Конвенсияи зидди шиканҷа, ҳеҷ гуна ҳолатҳои истисноӣ - хоҳ вазъияти ҷангӣ, хоҳ ноустувории дохилӣ ё фармони сардори болоӣ - наметавонанд ҳамчун асос барои сафедкунии шиканҷа истифода шаванд.
Ин принсип дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштан" ва моддаи 10-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муқаррар шудааст. Маъмурияти муассисаҳо уҳдадоранд шароитеро фароҳам оранд, ки азоби ҷисмонӣ ё рӯҳиро истисно мекунанд. Дилхоҳ расонидани дарди қасдона аз ҷониби шахсони ваколатдор бо мақсади ба даст овардани нишондод ё ҷазо метавонад ҳамчун ҷинояти тибқи моддаи 143 (1)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ("Шиканҷа") тасниф карда шавад.
Шароити нигоҳдорӣ ва кафолатҳои моддӣ
Меъёрҳои байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки шароити номуносиби нигоҳдорӣ метавонад ба муносибати бераҳмона баробар бошад. Қонунгузории Тоҷикистон стандартҳои ҳадди ақал, аз ҷумла масоҳати на камтар аз 4 метри мураббаъ барои як нафар дар СИЗО-ро муқаррар намудааст.
Мавҷуд набудани шароитҳои асосӣ - дастрасӣ ба оби тоза, вентилятсияи дуруст ва имкониятҳои риояи гигиена, инчунин халалдор шудани рӯшноӣ, ғизои кофӣ ва хоб муҳитеро ба вуҷуд меоранд, ки дар он вазъи ҷисмониву рӯҳии инсон бадтар мешавад.
КИҶҶ ҶТ хӯрок, ҳашт соат хоб ва вақти инфиродиро кафолат медиҳад. Нақзи ин меъёрҳо хилофи принсипҳои Конвенсияи зидди шиканҷа аст.
Ҳуқуқҳои гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон дар моддаи 17-и Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштан» ва ҳуқуқҳои маҳкумшудагон дар моддаи 16-и КИҶҶ ҶТ муқаррар шудаанд.
Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиа
Шиканҷа ва муносибати бераҳмона метавонанд ҳамчун воситаи фишор ба иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ истифода шаванд.
Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" чораҳои амниятиро барои шахсоне, ки дар СИЗО ва муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, пешбинӣ мекунад. Ба чунин чораҳо ҳимояи шахсӣ, интиқол ба муассисаи дигар ва таъмини махфияти маълумот дохил мешаванд.
Ин чораҳо дар ҳолатҳое аҳамияти хоса доранд, ки шахс дар бораи далелҳои зӯроварӣ ё амалҳои ғайриқонунии кормандон хабар медиҳад.
Назорати прокурорӣ: механизми вокуниш
Моддаи 11-и Конвенсияи зидди шиканҷа давлатро вазифадор мекунад, ки қоидаҳо ва усулҳои дар ҳабс нигоҳ доштанро мунтазам баррасӣ намояд.
Мутобиқи Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратура», прокурор аз ҳуқуқи дастрасии бемамониат ва бидуни огоҳӣ ба муассисаҳое, ки онҷо боздоштшудагону маҳкумгардидагон нигоҳдорӣ мешаванд, бархӯрдор аст, инчунин ҳуқуқ дорад онҳоро дар танҳоӣ бипурсад.
Дар сурати ошкор гардидани қонуншиканиҳо прокурор чораҳо меандешад, аз ҷумла шахсони масъулро ба ҷавобгарӣ ҷалб месозад ва ҷазоҳои ғайриқонунии интизомиро бекор мекунад.
Назорати тиббӣ ва тафтишот
Моддаи 12-и Конвенсияи зидди шиканҷа гузаронидани тафтишоти фаврӣ ва беғаразонаро дар сурати мавҷуд будани асос барои бовар кардан ба он ки шиканҷа рух додааст, талаб мекунад.
Мувофиқи қонунгузории ҶТ, дилхоҳ ҷароҳати ҷисмонӣ бояд фавран аз ҷониби корманди тиббӣ сабт карда шавад. Ҳуҷҷатгузории тиббиро ба маҳбус ё адвокати ӯ додан мумкин аст.
Маҳбусон ҳуқуқ доранд нисбати амалҳои кормандон шикоят пешниҳод намоянд. Чунин шикоятҳо сензура карда намешаванд ва бояд мувофиқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти назоратӣ фиристода шаванд.
Нақши ҳимоятгар ва ҳуқуқ ба робита
Адвокат механизми калидии пешгирии шиканҷа тавассути таъмини робита байни шахси дар изолятсия қарордошта ва ҷаҳони беруна мебошад.
Мулоқот бо ҳимоятгар ба таври махфӣ мегузарад. Ин ҳуқуқ қонунан кафолат дода шудааст ва имкон медиҳад, ки сари вақт қонунвайронкуниҳои эҳтимолӣ муайян ва санҷишҳо оғоз карда шаванд.
Пешгирии шиканҷа на танҳо манъи зӯроварии ҷисмонӣ, инчунин эҷоди системаеро дар бар мегирад, ки дар он амалҳои мансабдорон шаффоф ва таҳти назоратанд.
Татбиқи стандартҳои байналмилалии дар Конвенсияи СММ зидди шиканҷа муқарраршуда тавассути механизмҳои миллӣ - ба монанди назорати прокурорӣ, ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиа ва таъмини шароити муносиби нигоҳдорӣ асоси пешгирии нақзи ҳуқуқи инсон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошад.