Иттилоия

Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амалисозии лоиҳаи «Мушовирони халқӣ бар зидди шиканҷа!» оғоз намуд, ки бо дастгирии молиявии «Шарикии байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон - IPHR» амалӣ карда мешавад.

Ҳадафи лоиҳа ба мусоидат ба иштироки фаъолонаи Институти машваратчиёни халқӣ дар раванди баррасии парвандаҳои судӣ, инчунин омӯзонидани онҳо оид ба муайян намудани ҳолатҳои истифодаи шиканҷа тавассути баланд бардоштани сатҳи донишҳои иттилоотию ҳуқуқӣ ва малакаҳои амалӣ равона гардидааст.

Дар доираи лоиҳа баргузории тренингҳо ва вохӯриҳои ҳуқуқӣ, инчунин таҳияву пахши барномаҳои радиоӣ бо иштироки намояндагони ҳамаи субъектҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни шиканҷа дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавонед ба мутахассиси иттилоотии ташкилот - Абдурасулова Муҳаррам муроҷиат намоед.

www.apart.tj