Имрӯз мо чорабинии иттилоотии "Ман ва ҳуқуқҳои ман"-ро оғоз кардем! Чорабинии мо ба барномаи мобили ва Bot дар Telegram бахшида шудааст.

Барномаро метавонед дар телефонҳои мобилии худ дар платформаҳои Android ва IOS (Apple) ва ё бо истиноди https://hrc.tj/archives/2595 (по ссылке) зеркашӣ намоед

Барномаи мобилӣ ва бот дар Telegram барои шахсоне, ки ба зӯроварӣ дучор шудаанд ва ба мутахассисоне, ки дар ҳолатҳои вайрон кардани ҳуқуқи инсон кӯмаки тиббӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ мерасонанд, зарур мебошанд. Дар он, шумо метавонед, маълумотро дар бораи механизмҳои муҳофизатӣ дар сурати қурбонии зӯроварӣ шудани Шумо ё хешовандонатон ё ин ки шумо мутахассисе ҳастед, ки бо қурбониёни зӯроварӣ кор мекунед, пайдо кунед.

Дар рафти гузаронидани чорабинӣ мо дар бораи ҳар як бахши Барномаи мобилӣ нақл мекунем ва нишон медиҳем. Саҳифаи моро пайгирӣ кунед, то маълумоти муҳимтаринро аз даст надиҳед.

Хотиррасон менамоем, ки ҳамаи фаъолиятҳо бо дастгирии барномаи Евразиягии Фонди Ҷамъиятҳои Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг Траст. Инчунин чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи идораи БРСММ дар Тоҷикистон "Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои одамон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби ТҶ «Центр по правам человека» татбиқ карда мешавад, бо дастгирии молиявии ВКХ

Финляндия гузаронида шуда истодааст.

#HRCTajikistan  #HumanRights #mobileapp #informationcampaign #Tajikistan

#ЧорабинииИттилооти # МанваҲуқуқҳоиМан #БарномаиМобили #БотТелеграм