Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Дар давраи аз моҳи январ то июни соли 2025 Гурӯҳи мониторингии Эътилофи зидди шиканҷа дар ҳашт муассисаи ислоҳӣ дар саросари Тоҷикистон, аз ҷумла муассисаҳои дорои низоми пурзӯр, умумӣ ва занона - ЯС 3/1 (Душанбе), ЯС 3/2 (Ваҳдат), ЯС 3/3 (Хуҷанд), ЯС 3/4 (Душанбе), ЯС 3/5 (Хуҷанд), ЯС 3/6 (Ёвон), ЯС 3/7 (Душанбе) ва ЯС 3/8 (Норак) мониторинги мустақил гузаронид.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҳар як боздид гузориши алоҳида бо хулосаву тавсияҳо омода карда шуд, ки баъдан дар як гузориши маҷмуии умумӣ гирд оварда шуданд. Ин маводҳо барои таҳлили қонунгузорӣ ва сиёсат, инчунин ташаббусҳои минбаъдаи адвокатсионӣ асос гардиданд.
Моҳи феврали соли 2025 бо иштироки 14 узви Гурӯҳи мониторингӣ, кормандони лоиҳа ва коршиносони Фонди ҳуқуқи инсони Ҳелсинки вохӯрии серӯзаи корӣ баргузор гардид, ки дар он гузориши маҷмӯӣ оид ба натиҷаҳои мониторинг баррасӣ ва коркард гардид. Дар идома, ҳашт гузориши инфиродӣ барои баррасӣ ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СРИҶҶ)-и Вазорати адлия фиристода шуд. Дар ҷавоб роҳбарияти СРИҶҶ ҳашт вохӯрии кории аъзои Гурӯҳи мониторингӣ бо роҳбарияти муассисаҳои ислоҳии дахлдорро доир намуд, ки дар он инчунин намояндагони СРИҶҶ ва коршиносони лоиҳа иштирок доштанд. Дар мубоҳисаҳо ҳамагӣ 20 нафар (11 мард ва 9 зан) иштирок карданд. Вохӯриҳо ба муколамаи конструктивӣ ва баррасии ҳаматарафаи мушкилоти муайяншуда мусоидат намуданд.
3-юми апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе Маркази ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо СРИҶҶ ВА ҶТ конфронси миллии «Рушди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ташкил намуданд. Дар чорабинӣ 62 нафар, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Натиҷаҳои мониторинг ва таҳлили қонунгузорӣ муаррифӣ гардида, тадбирҳо оид ба дастгирии Стратегияи ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни конфронс масъалаҳои дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ, шароити нигоҳдорӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва офиятбахшии маҳбусон, инчунин ошкорбаёнии иттилоотии система баррасӣ шуданд. Иштирокчиён тавсия доданд, ки ҷузъи иттилоотии ислоҳот, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ ба таҳияи нақшаи навбатии чорабиниҳо барои солҳои 2026-2030 ва баррасии нақшаи ҷорӣ (солҳои 2021-2025) пурзӯр карда шаванд. Ба рушди ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Бо мақсади таҳкими иқтидори кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ моҳи январи соли 2024 барномаи омодасозии тренерҳо аз ҳисоби кормандони СРИҶҶ оғоз гардид. Моҳи майи соли 2025 гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони СРИҶҶ ва омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуданд. Дар ҳамкорӣ бо Фонди ҳуқуқи инсони Ҳелсинки (Лаҳистон) ва Маркази ҳуқуқи инсон барои омӯзиши таҷрибаи аврупоӣ дар системаи омодасозии касбии кадрҳо барои системаи пенитенсиарӣ сафарҳои омӯзишӣ ба Лаҳистон ташкил карда шуданд.
Дар рафти боздидҳо ва тренингҳои минбаъда иштирокчиён усулҳои муосири таълим, аз ҷумла равишҳои интерактивӣ ва кор бо гурӯҳҳои осебпазирро аз худ намуданд. Модулҳои таълимӣ оид ба мавзуҳои муносибат бо маҳбусон, танзими ҳуқуқии фаъолияти кормандон, хизматрасонии тиббӣ, категорияҳои махсуси маҳбусон, пешниҳоди шикоят ва гузаронидани санҷиш, инчунин истифодаи оқилонаи захираҳои муассисаҳои ислоҳӣ таҳия гардиданд, ки татбиқ шуда истодаанд. Аз моҳи июл то августи соли 2025 чор тренинг бо фарогирии ҳамаи 19 муассисаи ислоҳӣ бо иштироки кормандони бахшҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Ҳар як тренинг бо санҷиши пешакӣ ва пас аз баҳодиҳии самаранокии омӯзиш ба роҳ монда мешавад.
Чорабиниҳои мазкур ба боло бурдани омодагии касбии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва мусоидат ба таъмини ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пенитенсиарии Тоҷикистон равона карда шудаанд.