Discussion Day, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон чорабинии Discussion Day-ро мегузаронад.

Чорабинӣ 4-уми декабр аз соати 18:00 то 20:00 дар шаҳри Душанбе, дар макони машҳур барои ҷавонон - Parking баргузор мегардад.

Иштирокдоронро дар анҷом дастури мухтасар оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин баҳсҳои оммавии беҳтарин мубоҳисон интизоранд. Иштирок дар ин чорабинӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, то аз ҳуқуқу озодиҳои худ огоҳ гарданд ва ҳамзамон таҷрибаи бебаҳо бигиранд.

Мақсади чорабинӣ роҳандозии фаҳмиши хислати умумии ҳуқуқи инсон аст. Интизор меравад, ки бо ин роҳ таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳуқуқи дигаронро коркард намудан мумкин аст.

Ташкилкунандагон муҳити беҳтарин, мавзуҳои ҷолиб барои муҳокима, хотири болида ва инчунин хӯроки шомро ваъда медиҳанд.

Барои иштирок ба рақамҳо занг задан ва навиштан тариқи Telegram зарур аст:

+992906993300

+992902525693

Шитобед! Ҷойҳо маҳдуданд.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»