Дар Тоҷикистон пурсишҳои виртуалиро қонунӣ карданд

Дар Тоҷикистон муфаттишон ҳақи бозпурсии фосилавӣ бо истифода аз интернетро дарёфт намуданд. Дар робита ба ин, аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар тағйирот ворид карда шуд.

- Муфаттишони тоҷик ҳуқуқ пайдо карданд, ки ҷабрдидагон ва шоҳидонро дар хориҷ аз Тоҷикистон ба таври фосилавӣ, тавассути интернет, аз ҷумла тариқи почтаи электронӣ ва дигар мессенҷерҳо бозпурсӣ намоянд,- хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар дар иҷлосияи 11-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, ки 15-уми июли соли 2022 таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумон Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, ворид карда шуд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон зимни шарҳи ин тағйирот гуфт, ки ба моддаи 197 қисми 2 ворид карда шудааст, ки тибқи он, агар шоҳид ё ҷабрдида берун аз ҷумҳурӣ қарор дошта бошад, пурсиш метавонад ба таври фосилавӣ сурат гирад.

Вай афзуд, ки суҳбатҳо бо истифода аз телекоммуникатсия ва почтаи электронӣ сурат гирифта, афроди бетараф низ метавонанд дар рафти онҳо иштирок кунанд.

Ин тағйирот дар ҳоле ворид мешавад, ки ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, коҳиши мизони ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли 2022 дар кишвар 12482 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле, ки як соли пеш 1396 ҳолат зиёд буд. «Яъне, сатҳи ҷинояткорӣ 10% паст шудааст»,- зикр карданд дар ВКД.

Илова бар ин, кормандони оперативӣ 1447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро боздошт намудаанд.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»