Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

3-юми июл дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳои Суди Олӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои академӣ дар самти ҳуқуқи шаҳрвандӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинӣ дар доираи татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038 баргузор шуд. Яке аз бандҳои он таҳияи Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ оид ба масъалаҳои ҷуброни зарари маънавӣ ва моддӣ дар натиҷаи ҷиноятҳои вобаста ба истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Иштирокдорони мизи мудаввар чӣ гуна баррасӣ шудани чунин парвандаҳоро дар судҳои кишвар ба ҳолати имрӯза мавриди баррасӣ қарор дода, барои такмили таҷриба пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Дар натиҷа зиёда аз 29 тавсия тартиб дода шуд. Ин пешниҳодҳо ба гурӯҳи корӣ ирсол хоҳанд шуд, ки лоиҳаи қарор оид ба пардохти зарари маънавӣ ва моддӣ ба қурбониёни шиканҷаро таҳия мекунад.